Formula novemver 2024
Сарнавишти талхи очаи бебача
870

Мардуми тоҷик мақоли хубе доранд: “Худо давлатро дар пирӣ диҳад!” Албатта давлатии пирии ҳар як падару модар ҳаёти орому осоишта дар ҳалқаи фарзандон ва наберагон дар дами пирист, вале қаҳрамони мо, холаи Сафармоҳ аз ин неъмати парвардигор бенасиб мондааст. Сафармоҳ Қурбонова 65-сол дошта, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад, вале бозиҳои талхи сарнавишт ӯро тӯли 29 сол боз дар ба дару овора гадонидааст. Ин модари аламзада ҳаёти пур аз дарду ранҷеро ба сар мебарад. Тавре ки худи холаи Сафармоҳ мегӯяд, аз рӯзе, ки ба дунё омадааст, ягон рӯзи хушро надидааст. Аламҳои дили ин модари тоҷикро аз забони худаш манзури шумо - хонандагони азиз мегардонем.

- Холаи Сафармоҳ, чи шуморо маҷбур кард, ки дар дами пирӣ ба журналистон муроҷиат намоед?

- Зиндагии сахту вазнин, алами бебачагӣ ва дарду ғами ҷонгудози дарбадарию бехонагию оворагӣ...

- Аслан зодаи куҷоед ва чи боис гашт, ки ба қавли худатон “дарбадару овора” шавед?

- Ман, аслан зодаи шаҳри Кӯлоб ҳастам ва дар як оилаи камбағал ба дунё омадаам. Ҳанӯз 14-сола ҳам будам, ки модарам аз олам гузашт. Азбаски ман духтари калонии хонаамон будам, баъди сари модар парастории бародарону хоҳарони хурдсолам бар дӯшам афтид. Бо сад ранҷу азоб онҳоро калон кардам ва бо кӯмаки хешу табор соҳиби зану шавҳар ва хонаву дар намуда, ба ҳаёти мустақилона гусел кардам.

- Хоҳару бародаронатонро бо обрӯ хонадор намуда, худатон шавҳар накардед?

- Шавҳар кардам, вале бахт ба рӯям нахандид. Маро дар Кӯлоб ба шавҳар доданд. Хусуру хушдоманам соҳиби чанд фарзанд бошанд ҳам, дар бистоташон як хоначаи дуҳуҷрагӣ доштанду халос, аз ҳамин сабаб вақте ки бародарони шавҳарамро зан доданд, моро лозим омад, ки бору бандамонро гирифта, ба ҷойи дигар кӯчем. Хусурам корманди милитсия буд, шавҳарам низ, роҳи падарашро пеш гирифта, моро ба шаҳри Бохтар овард. Дар он ҷо хонаеро иҷора гирифт ва худаш дар шӯъбаи милитсия ба кор даромад. Маоши шавҳарам кам буд ва дар хонаи иҷора зистан бароямон хеле душвор гашт. Ранҷу азобҳои зиёде кашидем. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ду бародарамро дар ҷанг куш танд, баъд шавҳарам ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда, аз олам гузашт ва рӯзи мани бетақдир ба шаби тор мубаддал гашта, овораю дар ба дар гаштам. Маҷбур шудам, дар боғчаҳои бачагона, дар хонаҳои бе дару тиреза зиндагӣ кунам. Чор писару як духтарам аз ранҷу азоби камбағалӣ ва бехонагию дарбадарӣ аз хунукӣ бемор шуда, вафот карданд....

- Дигар фарзанд надоред?

- Аз 9 фарзанд фақат 4 духтарам зинда мондаанд, вале ҳамаашон бесаводанд, на ягон касб доранд, на ҳунар, худашон бехонаю дар, мӯҳтоҷу мунтазиранд, наметавонанд ба ман кӯмак расонанд.

- Магар шавҳар ва зиндагии обод надоранд?

- Духтарҳоямро ба бачаҳои камбағал ба занӣ додам. Аз қудоҳо чизе талаб накардам. Аз худо фақат хушбахтии духтаронамро мехостам. Домодҳоям бачаҳои бад нестанд, вале ягонтоашон хонаву дари худро надоранд. Ҳамаашон иҷоранишинанд.

- Чаро фарзандонатон бесавод монданд ва ақаллан ягон касбу ҳунар наомӯхтанд, ки роҳи худро дар зиндагӣ ёбанд?

- Раҳмати шавҳарам бадрашк буд, дар вақташ духтарҳоро хондан намонд. Зиндагиамон, ки вазнин буд, духтарҳои бечораам ба ҷойи дар мактаб хондан дар назди иҷорахонаамон як “столча” монда, майда-чӯйда мефурӯхтанд, то каме ҳам бошад, дар кашидани бори гарони рӯзгор кӯмак расонанд.

Аз нақли Фарида, духтари холаи Сафармоҳ

- Дар ёд дорам, ҳанӯз хурдакак будаму ману апаам дар назди хонаи иҷораамон як “столча” монда, майдачӯйда мефурӯхтем, чунки маоши падарам хеле кам буд ва ба пули иҷораю хурду хӯрокамон намерасид. Гӯр дар сари камбағалӣ, аз паси савдо ва ташвишҳои зиндагии оилавӣ шуда, аз мактаб дур шудем. Ҳамагӣ то синфи 4 хондему халос. Падарамро бисёр вақт шабона ҳам ба кор даъват мекарданд. Боре нимаи шаб аз ҷойи кораш занг заданд ва падарам аз хона баромада, рафту ба садама гирифтор шуд. Як мошини калони “Камаз” падарамро зер кардааст. Пас аз ҳамон ҳодисаи нохуш падарам чанд моҳ маъюб шуда, рӯйи ҷогаҳ хобид, баъд ҷарроҳӣ шуда, билохира ҳамин дард ҷонашро рабуд. Пас аз марги падарам рӯзи бе ин ҳам тираву тори мо сиёҳтар гашта, овораю дар ба дар шудем. Моҳҳо дар хонаҳои бе дару бе тиреза зиндагӣ мекардем. Хоҳару дадаронам аз хунукӣ касал шуда, сахт сулфа мекарданд, аммо модарам пул надошт, ки фарзандонашро ба духтур барад. Ҳамин тавр, 4 писару 1 духтарашро аз даст дод.

- Ба мақомот муроҷиат накардед, ки ба шумо ақаллан як пора замин диҳанд?  

- Албатта кардем. Ҳанӯз, замони зинда буданаш раҳматии падарам “маоши ман кам аст, бо ин пул дар сад сол ҳам соҳиби хонаву дар шуда наметавонем, пули аз савдои кӯчагӣ меёфтаи шумо ҳам ба хӯрока базӯр мерасад” гӯён, ба ҳукумати шаҳри Бохтар барои ҷудо кардани як порча замин, барои сохтани манзили истиқоматӣ муроҷиат карда буданд, баъд боз ба чанд идораи дигар ариза навиштем, вале ягон натиҷа ҳосил нашуд. Ваъда медиҳанд, вале ҳеҷ нест, ки ин ваъдаҳо ҷомаи амал пӯшанд. “Камбағалро дар болои уштур саг мегазад” гуфтани халқ беҳуда набудааст, худи маро ба як ҷавони камбағал ба шавҳар доданд. Шавҳарам дар бисоташ чизе надошта бошад ҳам, ҳамеша духтарбозӣ карда, мегашт ва маро бе сабаб зери мушту лагад мегирифт. “Сари кафида зери тоқӣ гуфта”, ба ҳамааш тоқат мекардам. Умедвор будам, ки соҳиби фарзанд шавам, шояд ҳушаш ба сараш зада, аз паси зиндагӣ мешавад, вале ба бахти бади мани берӯзӣ писаракам бо касалии дил ба дунё омаду шавҳарам “ ба ман на худат даркорию на бачаи касалиат” гӯён, талоқам дод. Як хоҳарам дар шаҳри Душанбе дар як якҳуҷрагӣ иҷора менишаст, кӯдаки бемораамро гирифта, ба хонаи ӯ омадам, вале як сол пас шавҳараш аз Русия баргашт. Шарм дошта, маҷбур шудам, кӯдакамро гирифта, ҷойи дигар кобам. Инак, шаш сол мешавад, ки ҳамроҳи модари пир ва писари беморам сарсону саргардон дар ба дари иҷорахонаҳо мегардем.

- Гуфтед, ки савод ва касбу ҳунар надоред. Пули иҷораро чи хел медиҳед?

- Дар хонаҳои мардум хизматгорӣ – “уборка” мекунам. Бар ивази меҳнатам 40-50 сомонӣ медиҳанд, ҳамон пулро кам-кам ҷамъ карда, иҷорапулӣ медиҳам. Иҷоранишинӣ бениҳоят душвор аст, чанд рӯз пулро дертар диҳӣ, соҳибхона бо кӯчу бандат дарҳол аз дар берун мекунад. Моро аллакай аз чанд хонаи иҷора пеш карданд. Баҳона мекунанд, ки писарашонро зан медиҳанд, хонаро таъмир карда мефурӯшанд ва ғайраву ҳоказо. Бо соҳибхона баҳс карда намешавад, маҷбур мешавӣ, ки иҷорахонаи дигар кофта ёбӣ. Маблағи иҷораи хонаҳо торафт боло рафта, миёншикан шуда истодааст. Садои занги дар баланд шавад, дилам ба ларза медарояд, ки ҳозир соҳибхона пули иҷораро талаб мекунад, ё барои пули барқу об омадаанд. Дигар зӯрам намерасад. Барои мард душвор аст, ман-ку як зан ҳастам, аз куҷо ба ҳамаи ин пул меёбам?! Падар надорам, ки маро таги пар кунад, акаю додар надорам, ки дастамро гирифта, кӯмак расонанд. Бовар кунед, баъзан ҳатто нони серӣ намеёбем. Ягон бор танамон либоси навро намебинад, ҳамеша либосҳои кӯҳнаи мардумро мепӯшем. Писарамро бо либоси кӯҳнаи дигарон калон кардам. Кӯдакам бемор аст, вале пуле надорам, ки дорую дармонашро харида, ӯро табобат кунам. Қайди ҷойи зист надорем, бо сад ранҷу азоб ба кӯдакам шаҳодатномаи таваллуд гирифтам. Писарамро ба беморхона хобонам гӯям, мегӯянд, ки ҳуҷҷати камбизоатӣ биёр, вале қайди ҷойи зист надорем, аз куҷо чунин ҳуҷҷат бигирам? Хулоса, саду як дард дорад, бехонагию дар ба дарӣ. Ман, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз наздик ягон бор надида бошам ҳам, баромадҳояшонро ҳамеша гӯш мекунам. Дар бораи тарбияи фарзанд бисёр суханони пурмаъно мегӯянд. Ман ҳам мехоҳам, ки фарзандамро хуб тарбият намоям, то ки дар ояда номбардори миллати худ гардед, вале фикрам ҳамеша ба азоби дарбадарӣ банд аст. Аз ғами бехонагӣ барои тарбияи фарзандам вақт намеёбам. Аз шахсоне, ки имконият доранд, хоҳиш ва илтимос мекунам, ки ба мо ёрӣ расонанд, то соҳиби як сарпаноҳ гардем ва ман ҳам тавонам писарамро ба ягон мактаби хуб монам, то ки соҳиби хату савод гашта, фарзанди сазовори Ватан гардад...

Холаи Садафмоҳ ва духтару небараи бемораш ниёз ба кумаки мову шумо доранд. Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин оилаи ниёзманд ёрӣ расонанд, хайрияи худро ба корти бонкии Душанбе-Сити бо рақами 9762 0001 5199 1352 гузаронда метавонанд. Корт бо рақами телефони 98- 881-44-39 пайванд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД