Formula novemver 2024
Сарнавишти талхи Ҷамшед
2710
Сарнавишти талхи Ҷамшед


Ҷамшед Деҳқонбоев зодаи шаҳри Душанбе буда, ба дарди бедавое гирифтор мебошад, ки ҳатто номи ин бемориро навиштан манъ аст.

Ин ҷавонмарди 38-соларо зиндагии пур аз ғаму дард ва ранҷу азоби беморию танҳоиву бекасӣ ба идораи сомонаи Oila. tj овардааст. Модар надорад, падараш зинда бошад ҳам, аз вай рӯй гардонидааст.

“Мани сарсахтро дар 3-рӯзагӣ ба ятимхона супурда, модарамро ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ бурдаанд. Дар 6-солагӣ бобоям маро аз сағерахона гирифта, ба фарзандӣ қабул кард. Ҳамроҳхобраваки бобо ва асои дасташ будам. Бобоям ду ҳавлӣ дошт ва яке аз онҳоро ба ман васият карда буд, вале баъди сари мӯйсафед аз дар берунам карданд. Ҳамин тавр дар кӯча монда, овора шудам. Сеғараро дар болои уштур саг мегазад гуфтагӣ барин, ба ин дарди бедаво гирифтор шудам. Бибиам бемориамро фаҳмида иқрор шуд, ки падарам зинда аст.

Сарамро ба сад дар зада пас аз 34 сол падарамро ёфтам. Хурсанд будам, ки дигар бесоҳиб нестам, вале бемориамро фаҳмида, падарам аз ман рӯй гадонд”-мегӯяд бо алам қаҳрамони мо.

Биёед қиссаи дардноки зиндагии Ҷамшедро аз забони худаш бишнавем.

Шахсоне, ки мехоҳанд бо Ҷамшед ҳамсӯҳбат шаванд ё ба ӯ кӯмак расонанд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 93-102-20-08

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД