Сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба 11 соли зиндон маҳкум шуд
57

Сармуҳосиби беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ маблағи буҷа гумонбар дониста мешуд, аз ҷониби суди ноҳия ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар ин хусус дирӯз, 1-уми апрел Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки Сиддиқов Бахтовар давоми солҳои 2022-2025 бо истифода аз мақомаш “маоши кормандони беморхона ва дигар пардохтҳоро барзиёд нишон дода, бо ҳамин роҳ 1 миллиону 147 ҳазору 744 сомониро ба суратҳисоби худ гузаронида, тасарруф намудааст.

Бахтовар Сиддиқов бо моддаҳои 245, қ. 4, банди “б”, 247, қ. 4, банди “б”, 323 ва 340, қ. 2, банди “а” КҶ барои азхудкунӣ ё исрофкорӣ, қаллобӣ, сохтакории хидматӣ ба 11 соли зиндон маҳкум гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД