Sebiston new 2024 october
Сармояи хориҷӣ ва сармояи мустақими хориҷӣ чанд доллар аст?
906

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 воридоти сармояи хориҷӣ ҳаҷми 1,95 млрд доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,9 фоиз зиёд шудааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар ин давра 153,9 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, ба 112,6 фоиз баробар шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ корбарӣ гардида, ҳамзамон 3 созишномаи нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2 миллиарду 16 миллион доллари ИМА барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба имзо расонида шуда, вобаста ба имзо намудани боз 8 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 505 млн доллари ИМА корбарӣ шуда истодааст.

Илова бар ин, бо мақсади заминагузорӣ ва густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шудаанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузории мамлакат як қатор форуму ҳамоишҳо бо давлатҳои Қатар, Италия, Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Арабистони Саудӣ баргузор карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД