arzon replenishment
Сармоягузорӣ барои бунёди мактабҳо дар Тоҷикистон
700

 

Солҳои охир дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф беш аз пеш меафзояд ва барои сармоягузории бунёди мактабҳо кӯшишҳои зиёд сурат мегиранд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзию грантӣ бо Бонки исломии рушдро тасвиб кардааст, ки дар доираи он бунёду таҷҳизонидани 53 мактаб дар назар аст.

Зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон муовини вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ гуфтааст, ки лоиҳа аз қисматҳои такмилдиҳии муҳити таълим тавассути сохтмони 53 мактаб ва муҷаҳҳазсозии онҳо бо мебели мувофиқ, инфрасохтори рақамӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва маводҳои таълимӣ иборат буда, арзиши ин қисмат ҳудуди 59 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ аз бахшҳои дигари тарҳ будааст, ки нархи он ҳудуди 16,5 млн доллар гуфта мешавад.

Бино ба иттилои муовини вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он соли 2029 ба нақша гирифта шудааст.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86 млн доллар буда, саҳми Ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 8 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Қарзи Бонки исломии рушд ба маблағи 45 млн доллар, гранти Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот ба маблағи 25 млн доллар ва қарзи Фонди ОПЕК ба маблағи 8 млн доллар бахшҳои ин тарҳ мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД