Дар сомонаи «Оила»-ро ҳамеша дар саҳифаи фейсбукиям мехонам. Ин навбат шавҳарам оромона маро наздаш хонда гуфт, ки дар сомонаи "Оила" як занро барои гапи шавҳарашро гӯш накарданд, сарашро кал кардаанд. Мехоҳӣ, сари туро ман кал накунам, инро бихон! Шарм надор, биё пештар инро хону зиндагиро фаҳм!» Ҳайрон шуда мактубро аз ссилка кушодам. «Шавҳарам сарамро кал кард»-унвон дошт.
Худро ба нодонӣ зада «ин ба ман чи дахл дорад?» гӯён, аз дар баромаданӣ шудам, вале шавҳарам аз банди дастам дошт ва теғ кашида ба рӯям нигаристу бонг зад: «Ҳамин занак ҳам мисли ту худҳоҳу худпараст ва ҷакоку беинсоф будааст, барои ҳамин шавҳараш сарашро кал кардааст!» Бо шунидани ин сухан дар танам мурғак дамид, чунки ман дар ҳақиқат чунин одати бад дорам, баҳудаю беҳуда ба ҳар кори шавҳарам бинӣ халонда, эрод мегирам. Мардакам барои маро тарбият кардан чи корҳое, ки накард, бо хубӣ фаҳмонд, насиҳат намуд, дашному ҳақоратҳои болохонадор дод, ҳатто мурданивор зад, вале маро бо ягон роҳ ислоҳ карда натавонист.
Гапгардонию маҳмадоногӣ ба ман одат шуда, ҳеҷ лаҷоми забонамро ба даст гирифтанро наомӯхтам. Шавҳарам борҳо таъкид карда буд, ки бо асабҳояш бозӣ накунам, зеро ягон рӯз дар сари қаҳр сухани тақдирсӯзе аз даҳонаш баромада метавонад, аммо мани худхоҳ аз «булбулӣ» намонда як гап занад, дарҳол даҳ ҷавоб медодам. Мардакам бо ягон роҳ алови чашми маро гирифта натавониста буд, вале як номаи дар «Оила» чопшуда мани мағрурро ба худ овард.
Нигоштаҳои Нигорахонро хонда дар дилам ҳарос афтид, ки мабодо мардаки ман ҳам аз шӯйи Нигора ибрат гирифта сарамро кал накунад. Акнун бо шавҳарам муросо карда, ҳар гапу суханамро санҷида мегӯям, то ғазаби мардакамро наорад. Як ҳафтаи расо шудааст, ки мо бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намекунем. Зиндагиамон рангу бӯйи тоза гирифтааст. Раҳмат ба «Оила»-и азиз, ки чашми маро кушод. Аз минбари баланди ин сомона ба тамоми занҳои тоҷик гуфтаниам:
Дугонаҳои азиз! Забонатонро аз бадгӯӣ нигоҳ доред, мисли ман хушбахт мешавед!
Ҳабибаи Ҳисорӣ