Имсол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабр ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад. Дар ин бора чанд манбаи муътамад ба “Оила” хабар доданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи мамлакат – муҳимтарин падидаи оғози соли тақвимӣ, раҳнамои ҳаёти давлату ҷомеа дар марҳилаи оянда мебошад. Паёми Сарвари давлат дар муайян намудани паҳлӯҳои мухталифи сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши дастовардҳои сиёсӣ, инкишоф ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимою иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти иқтисодии миллӣ нақши муҳим ва калидиро мебозад.
Паёми Президенти кишвар қадаме ба самти пешравӣ, гулгулшукуфӣ ва оромиву суботи давлати ҷавони соҳибистиқлоламон мебошад. Ҳамасола дар Паём тамоми паҳлуҳои ҳаёти кишвар бо мисолҳои дақиқ мавриди таҳлилу баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор мегиранд.