Formula novemver 2024
Самбӯсаи туркӣ
5675

Маҳсулоти лозима:
маргарин – 250 г
сметана - 1 стакон
орд - 3 стакон
сода (бо сирко омехташуда)
сиркои хӯрока
қимаи гӯшти гов – 500 г
картошка - 2 дона
пиёз - 2 дона
намаку мурч барои қима


Тарзи таҳия:
Ордро бо маргарини аз турбтарошак гузаронидашуда омехта кунед. Ба сметана содаи сиркодорро андозед ва бо орд ҳамроҳ карда зувола гиред. Зуволаро дар яхдон 1 соат нигоҳ доред.
Пиёзу картошкаро пӯст карда, аз турбтарош гузаронед ва ба қимаи гӯштӣ ҳамроҳ карда намаку мурч пошед.
Хамирро ғафсияш 2 мм тунук карда, аз он тасмачаҳо буред. Ба як тарафи тасмача қимаро гузошта зуволачаро тоб диҳед. Самбӯсаи печонидаро ба лаълии тафдон гузошта, зардии тухм молед ва кунҷити сафед пошида дар тафдони ҳарораташ 250 дараҷа тақрибан 45 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД