arzon replenishment
Салмон Шерзодзода: Аз лойи оддӣ шоҳкорӣ мекунем
797

Салмон Шерзодзода дар Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" дар жанри санъати ороиши амалӣ, номинатсияи санъати тасвирӣ (кулолгарӣ) миёни сокинони сину соли аз 12 то 17-сола сазовори ҷойи сеюм ва 15000 сомонӣ гашт.

Ӯ дар озмун аъҷуба (ҳуштакҳои тахайюлии аҷоиб) ва кӯзачаҳои сохтаашро пешниҳод кард. Аъҷубаҳояш дар шаклҳои ғайриоддӣ, афсонавӣ ва тахайюлӣ ба мисли ҳайвоноти гуногун сохта шудаанд, ки диққати пиру барноро ба худ ҷалб месозанд.

 

Мероси ниё

Салмон Шерзодзода дар оилаи кулолгарони маъруфи Истаравшан таваллуд шудааст. Мавсуф 12 сол дошта, муддатест, ки бо ҳунари аҷдодӣ машғул аст. Ӯ инро аз бобояш Эргашбой Ғафуров омӯхтааст.

"Аз рӯзе, ки хдамро мешиносам, бобоям аз лойи одӣ шоҳкорӣ мекунанд. Он кас ҳуштакҳои афсонавӣ дар шакли аъҷубаҳо ва кӯзаву танӯри гуногунҳаҷм месозанд. Ҳар боре, ки бобоям лойеро гирифта, сари коре менишинанд, назди он кас рафта, ба корашон кӯмак мерасондам. Оҳиста-оҳиста меҳри кулолгариву аъҷубасозӣ дар дилам ҷой гирифту ин ҳунарро аз худ кардам. Ҳоло ҳамроҳи бобоям ба аъҷубасозӣ машғулем", - гуфт Салмони соҳибистеъдод.

Ба гуфти қаҳрамонамон, ҳар боре, ки назди бобояш мерафт, ӯ ба наберааш роҳу равиши корро меомӯзонд. Ҳамчунин, раванди омода кардани лойи кулолгариро бо тамоми паҳлӯяш мефаҳмонд.

Назди Эргаш-амак ғайр аз он ки Салмон барои омӯхтани ҳунар мерафт, дигар набераҳо низ меомаданд. Вале, Салмон бештар вақти худро сарфи ҳунар мекард. Аз ин рӯ, дар муддати кӯтоҳ ин ҳунари бобоиро аз худ карда, мустақилона аъҷуба месохтагӣ шуд.

Таҳсил дар мактаби рассомии бачагона

Чун Салмон ба ҳунаромӯзӣ шавқи зиёд дошт, бобояш ӯро ба Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Истаравшан гузошт. Ҳоло ӯ дар соли аввали ин боргоҳи санъату ҳунар таҳсил мекунад. Салмон аллакай дар ин ҷо бо нишон додани истеъдодҳояш маҳбуби ҳамсолону омӯзгорон гардидааст. Ба гуфти ӯ, мактаби санъат барои сайқали ҳунар ва нишон додани маҳораташ нақши боризе дорад.

"Албатта, мо дар ин боргоҳ нозукиҳои ҳунарҳои гуногуни милливу мардумиро меомӯзем. Ин ҷо зинаи аввалан аст. Вақте мо дар ин ҷо устуворона қадам гузорем, бовар дорам, ки дар оянда ба муваффақиятҳои беназир сазовор гашта, ҳамчун ҳунарманди асил баҳри муаррифии санъату ҳунари нотакрори халқамон ҳисса мегузорем", - иброз дошт ҳунарманди хурдсол.

Салмон Шерзодзода бар он назар аст, ки агар наврасони дигар ҳам вақти худро самаранок истифода бурда, бештар ба ҳунар ё забономӯзӣ машғул шаванд, баҳри ояндаи худ пули бузургеро бунёд мекунанд. Ба ин васила, бо муваффақияту музаффариятҳо ба зиндагии мустақилона қадам мегузоранд.

Умед аз озмун

Солҳои охир дар Тоҷикистон сафи озмунҳои ҷумҳуриявӣ афзудааст, ки барои рушди самтҳои гуногун ва дарёфти чеҳраҳои нав мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, нафарони соҳибилму соҳибистеъдоду соҳибҳунар қадр гардида, боз ҳам барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас мекӯшанд. Салмон Шерзодзода низ аз зумраи чунин наврасон аст.

"Озмун, пеш аз ҳама, ба мо умед мебахшад - умед ба сӯйи ояндаи бузург. Вақте ман аз бобоям фаҳмидам, ки дар кишвари азизамон чунин як озмуни серпаҳлӯ доир мегардаду дар он ҳатто наврасони навкор иштирок карда метавонанд, хеле хушҳол гаштам. Аз ҳамон вақт сар карда, ба ин озмун омодагӣ дидам. Ҳамроҳи бобоям соатҳо нишаста, аъҷуба сохтам ва онҳоро ранг кардам. Бовар доштам, ки дар озмун ғолибият ба даст меорам. Зеро бобоям пайваста таъкид мекунанд, ки боварӣ ба худ ними муваффақият аст,"-таъкид кард Салмонҷон.

Ӯ хушҳол аз он аст, ки дар ҷумҳурии азизамон чунин озмунҳо ташкил ёфтаанд.

Аъҷубаҳои ҳайратовар

Аъҷубаҳо шаклу намуди тааҷҷубовар доранд. Кас аз диданаш гумон мекунад, ки онҳо як бозёфти таърихианд. Бештари онҳо дар сурати аждаҳо, дев махлуқҳои тахайюлии тарсангез ва пайкараҳои ҷонварони гуногун сохта шудаанд. Баъзе аз онҳо бо доштани даҳони калон, чашми сеқабата ё думи хурду калон шаклашонро иваз намуда, тарсовар шудаанд. Аз ин рӯ, онҳоро аъҷуба яъне, тааҷҷубовар ва ғайриодӣ меноманд.

Ба гуфти устоҳои аъҷубасоз, онҳо шакли аниқ надошта, ҳар як ҳунарманд онро бо тахайюлоти рангинаш месозад. Барои сохтани он аз хоки зард ва гили бӯта истифода мебаранд. Ороиши аъҷубаҳо низ пурра бо рангҳои табиии дастсохт сурат мегирад. Қаҳрамони мо ҳам аъҷубаҳои сохтаашро аз чунин рангҳо оро медиҳад ва ба ин кор ба ӯ бобояш кӯмак мерасонад.

"Бобоям ба ман тарзи тайёр кардани рангро аз гиёҳ ва алафҳои гуногун меомӯзонанд. Чун аъҷубаро кӯдакон ҳам истифода мебаранд, ба саломатии онҳо безарар ва бехавф мебошад",- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Бобо ва устоди қаҳрамони мо Эргашбой Ғафуров мегӯяд, аз наберааш умеди калон дорад ва бовар дорад, ки Салмонҷон ин ҳунари аҷдодиро ба мерос гирифта, мисли худаш ба дигарон меомӯзонад ва баҳри эҳёву рушди ҳунари қадима саҳм мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД