Arzon march 2024
Саидқул Билолов ва Давлатманд Холов ба нафақа рафтанд
1827

 

Ҳунармандони шинохтаи кишвар Саидқул Билолов ва Давлатманд Холов низ дар чорчӯбаи тағйироти кадрие, ки чанд рӯз пеш аз ҷониби вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода дар муассисаҳои ҳунарии Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд, аз мақомҳои худ барканор ва ба нафақа гусел карда шудаанд.

Ансамбли давлатии «Дарё» моҳи майи соли 1989 дар назди Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфта, роҳбарии онро аз рӯзи аввал Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов ба ӯҳда дошт. Номбурда имсол 67-сола хоҳад шуд ва бинобар ба нафақа рафтанаш, ба ҷойи ӯ оҳангсоз ва мутриби ҷавон Фарҳод Зикиров роҳбари бадеии ансамбли «Дарё» таъйин шудааст. Дар ансамбли мазкур Лола Азизова, Қурбоналӣ Абдуллоев, Нигина Амонқулова, Бунафша Шокирова ва дигар ҳунармандони ҷавон фаъолият мекунанд. Ансамбли «Фалак» бошад, моҳи июли соли 1989 бо роҳбарии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов дар назди Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон ташкил шуда буд. Давлатманд Холов низ имсол 70-сола хоҳад шуд ва бинобар ба нафақа рафтанаш, ба ҷойи ӯ Носир Сафаров роҳбари бадеии ансамбли «Фалак» таъйин шудааст. Дар ин ансамбл Фотима Машрабова, Шӯҳрат Сайнаков, Фарзона Шодиева, Шоҳин Абдуллоев ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.


Коронавирус: Вазири тандурустии Тоҷикистон чӣ гуфт?


Ҳамчунин, дар паи ин тағйироти кадрӣ Хуршед Низомов, собиқ раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ба ҷойи Саидқул Билолов директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио ва Кароматулло Раҳимов, собиқ директори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев ба ҷойи Афзалшоҳ Шодиев роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъйин шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД