Soranus
Саг дар хоб душман аст ё дӯст?
6893

Шаби гузашта хоб дидам, ки ба куҷое меҳмонӣ рафта, роҳгум задаам. Сарсону саргадон роҳ ҷуста ба як тангкӯча даромадам. Бо умеди он ки шояд тангкӯча маро ба роҳи калон мебарорад, ба пеш равон шудам, вале аз пешам якбора чанд саги калон баромад. Сахт тарсидам, ки ин сагҳои бадҳайбат дар ҳамин тангкӯча маро пора-пора мекунанд, вале хушбахтона соҳиби сагҳо аз пасашон пайдо шуд ва “натарсед, ин сагҳо ба шумо зарар намерасонанд” гӯён, ҳайвонҳоро аз ман дур кард. Сагҳо аккосзанон аз наздам гузашта рафтанд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Фарзона, ш. Душанбе

Посух
Аслан саг дар хоб рамзи меҳру садоқат буда, ба пайдо шудани дӯсти хуб ё бад дар ҳаёти шахси хобдида ишорат мекунад. Саг дар хоб аз расидани ягон хабар аз дӯстонуу наздикон ё вохӯрӣ бо дӯсти нав низ паём дода метавонад.
Аккоси баланди саг дар хоб аз муваффақиятҳои шахси хобдида дарак медиҳад.

Шахсе, ки чунин хоб мебинад, кораш барор гирифта, соҳиби мансаб мешавад, дар тиҷорат муввафақ гашта, даромади калон ба даст меорад, корхона мекушояд ё боз ягон ҳодисаи хуби дигар дар ҳаёташ рӯй дода, атрофиёнаш дар бораи ӯ ва комёбиҳояш гап мезананд.

Аммо ҳамлаи саг ба инсон дар хоб чандон хуб нест. Кас хоб бинад, ки сагҳои зиёде ӯро думболагирӣ карда истодаанд, бояд эҳтиёт шавад, зеро маъмулан чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки душманонаш дар сари роҳаш чоҳ канда, бо макру ҳилла ба ӯ зиён расонидан мехоҳанд.

Хоб бинед, ки саг ё як гуруҳ сагҳо акксозанон, дандонҳояшонро ба сӯятон гиз карда, ба шумо ҳамла кардан мехоҳанд, ба ҷангу ҷанҷол омода шавад. Одатан чунин хоб ба сар задани ҷанҷоли оилавӣ ё баҳсу мунозираҳои нохуш дар ҷойи кор ишорат мекунад, ки боиси ранҷиш, дилсардӣ, тарсу ҳарос ва ноумедию асабоният хоҳад гашт. Дар хоб аз аккоси саг тарсед, ягон хабари нохуш мешунавед.

Дар хобаш аз сари роҳи кас сагҳои калони бадҳайбат баромада, ӯро тарсонанд, дар асл дар сари роҳаш монеъаҳои бузург пайдо мешаванд, вале бо душворӣ бошад ҳам, монеъаҳоро бартараф карда ба мақсади дар пеш гузоштааш мерасад. Аммо зан чунин хоб бинад, ягон марди бообрӯ, қудратманд ва мансабдорро вохӯрда, оила бурпо мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Щодог 2023-10-14, 05:55
Ман дархоб дидам саги сиёхи калоне баман хамла кардани шуд аммо ман бо санг уро тарсондам саг Аман гурехт ва боз баман хамла кардани шуд аммо касе нохост буромад бо ба дасташ як бел дошт бо он белаш саги баман хамлакардаистодаро зада уро бакатл расонид. Инхоби ман чи мано дорад илтимос чавобашро гуед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Щодог 2023-10-14, 05:55
Ман дархоб дидам саги сиёхи калоне баман хамла кардани шуд аммо ман бо санг уро тарсондам саг Аман гурехт ва боз баман хамла кардани шуд аммо касе нохост буромад бо ба дасташ як бел дошт бо он белаш саги баман хамлакардаистодаро зада уро бакатл расонид. Инхоби ман чи мано дорад илтимос чавобашро гуед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД