27-уми ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исматулло Насредин эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев супорид.
Зимни эътимодномасупорӣ сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев расонид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таҳкими ҳамкории мутақобили судманди дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногун, ки ба манфиатҳои ду мардуми бародар ҷавобгӯ мебошанд, ибрози андеша кард.