Arzon march 2024
Сафед шудани мӯйи сар дар хоб чӣ таъбир дорад?
3213

Хоб дидам, ки мӯяҳои сарам сап-сафед шудааст. Мехоҳам донам, ки хоби дидаи ман чӣ таъбир дорад.

Рустамшоҳ, муштарӣ

 

Сафед шудани мӯйи сар дар хоб рамзи асолат, қудрат ва фазлу дониш мебошад. Касе,ки чунин хоб мебинад, қуллаҳои баландро дар зиндагӣ фатҳ намуда, дар байни мардум соҳиби обрӯю эҳтиром хоҳад гашт. Аммо хоб бинед, ки мӯйи сари бачаи наврас ё кӯдаки хурдсол сафед шудааст, хуб нест.

Дар зиндагӣ ҳама чиз бояд дар вақту соати худаш сурат бигирад ва сафед шудани сари кӯдак ё наврас дар хоб аз сар задани ягон ҳодисаи ногуворе дарак медиҳад, ки мисли барфи дар чиллаи тобистон борида ногаҳон ба сари шахси хобдида омада, боиси сахт азоби рӯҳӣ кашиданаш гашта метавонад.

Бояд гуфт, ки таъбири хоб ба ҷинси шахси хобдида низ алоқамандӣ дорад. Зани ҳомила хоб бинад, ки мӯйи сараш сафед шудааст, бояд ба саломатии худ ва тифли батнаш диққати ҷиддӣ диҳад, зеро хатари беморӣ ӯро таҳдид карда метавонад. Зани калонсол хоб бинад, ки сараш сафед шудааст, ин чунин маънӣ дорад, ки оташи ишқу муҳаббат дар қалбаш хомӯш гаштааст.

Сафед шудани мӯйи сар дар хоби зани ҷавони шавҳардор низ хуб набуда, ба норозигӣ аз ҷуфти худ ва сар задани ҷангу ҷанҷоли оилавӣ аз рӯйи рашк ишорат мекунад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки зани шавҳардор хоб бинад, ки сараш сафед шудааст, шавҳараш ӯро талоқ дода, зани ҷавон мегирад.

Сафед шудани мӯйи сар дар хоби мард рамзи ақлу хирад мебошад ва марде, ки чунин хоб мебинад, соҳиби мансаб мешавад ё бо ягон амали дигараш машҳур гашта, эътироф ва эҳтироми атрофиёнро сазовор мегардад. Хоб бинед,ки бо марди сараш сафедшудае сӯҳбат доред, дӯсти донишманде пайдо мекунед, ки барои амалӣ сохтани нақшаҳоятон ёрӣ расонида, шуморо роҳнамоӣ мекунад.

Дар хобатон мӯйи саратон сафед, вале дароз шуда бошад ва мисли нуқра дурахшад, аз роҳбари корхонаатон ё шахси дигар соҳибмартаба ва обрӯманд таърифу тавсиф мешунавед, мукофотпулӣ мегиред ё касе аз дӯстон ё наздиконатон ба шумо туҳфаи қиматбаҳо тақдим мекунад.

Хоб бинед, ки мӯйи саратон тунук шуда рехтааст ва ҳатто ҷо-ҷойи саратон кал шудааст, бо мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ гашта, азоби камбалағалию бепулӣ мекашед ё бемор мешавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД