Сафар кардан кайфиятҳои зиёде дорад.
Зимни сафар кас бо ҳаёти одамони дигар шинос шуда, аз тамошои манзараҳои дилфиреби табиат лаззат мебарад ва барои худ чизҳои наву тозаро кашф мекунад, аммо сафар хатарҳои худро низ дорад. Сафари Пӯлодҷон Одинаев ба шаҳри Данғара аз зумраи чунин сафарҳои тақдирсӯзе буд, ки бо фоҷиа анҷом ёфта, дар дили аҳли як оила доғи сӯзоне ниҳод...
Пӯлодҷон Одинаев сокини шаҳри Ҳисор буда, зиндагии худ ва аҳли оилаашро бо ронандагӣ пеш мебурд. Ин марди меҳнатқарин бо аспи оҳанинаш мудом дар сафар буд, то аҳли хонаводааш аз чизе танқисӣ накашанд, аммо сафари Пӯлодҷон ба шаҳри Данғара сафари охирин гашта, бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон ба ҷонофарин супурд.
Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 5-уми апрел, тахминан соатҳои 6.-30-и субҳ сар зада, мошини боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс-911» ки дар сари чамбаракаш сокини шаҳри Ҳисор Пулодҷон Одинаеви 35-сола нишаста буд, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба мошини “Мерседес-Бенс-9060К” бархӯрдааст. Пӯлодҷон Одинаев бар асари ин садамаи сархӯр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.