toyota motors
Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи тоҷикӣ имконпазир мегардад
109

Ҳукумати Тоҷикистон санаи 19-уми март қарор дар хусуси лоиҳаи Созишномаи байни ду кишварро ба имзо расонид, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон минбаъд метавонанд бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-кортҳо ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Қарори мазкур дар сомонаи Вазорати адлия ба таври расмӣ нашр шуда, тибқи он ба “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон”, ки 9-уми марти соли 2018 қабул шуда буд, тағйирот ворид шудааст.

Пас аз анҷом додани расмиёти дохилии ду кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд бидуни шиносномаи хориҷӣ, бо шиносномаҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави кишварҳои ҳамдигар ворид шаванд.

Ин тартиби рафтуомад танҳо ба шаҳрвандоне дахл дорад, ки тариқи Тоҷикистон ё Ӯзбекистон ба Русия ва дигар давлатҳо сафар намекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД