Arzon march 2024
САҒЕРА БА КУҶО РАВАД, КИ ОСОЯД...
06.12.2020
ОИЛА
3297

 

Ман Назарова Шарифамоҳ, 31 сол дорам ва модари 4 фарзанд мебошам. Имрӯз саломатиам чандон қадар хуб нест ва маҷбур шудам, ки дарди диламро ба шумо қисса карда, кӯмак пурсам.

Мо дар оила панҷ фарзанд будем ва зиндагии хуб доштем. Падарам бароямон хонаи нав сохтан мехост, вале аҷал ӯро аз мо рабуду хона нимсохт монд. Аз марги падарам як сол нагузашта, як бародарам дар синни 5-солагӣ аз бемории сил вафот кард. Мо се духтару як писар мондем. Он вақт ман дар синфи 3-юми мактаби миёна мехондам. Ёдам ҳаст, вақте ба мактаб мерафтам, духтарони ҳамсинфам маро аз синфхона берун мекарданд. “Ту ҳамсинфи мо нестӣ, дигар ба ин синфхона надаро” мегуфтанд. Соатҳои дароз дар беруни мактаб гиря карда, баъд ба хона мерафтам. Ёдам ҳаст, вақте дар синфи чорум мехондам, дар фасли зимистон либоси гарм надоштам, ки пӯшида ба мактаб равам. Курткаи писаронаи бародарамро пӯшида, ба мактаб мерафтам ва мактаббачаҳо бо ангушташон маро ишора карда, ба ҳолам механдиданд. Ман заррае ба онҳо аҳамият намедодам, чун духтари орому хоксор будам. Баъди марги падарам модарам хост, ки бо роҳи нонфурӯшӣ аробаи зиндагиро ба пеш кашад. Рӯз то шом гармиву сардӣ нагуфта, дар кӯчаҳо нон мефурӯхт ва бегоҳ 10 кг орд харида, ба хона бармегашт ва барои рӯзи дигар нон омода мекард. Ёдам ҳаст, ман аз дарс мебаромадаму ба суроғи модарам мерафтам ва ҳар ду ҳамроҳ то хона пои пиёда мерафтем. Ҳарчанд модарам кор мекард, вале зиндагии мо ҳеҷ хуб намешуд. Гӯиё падарам рафту ҳама файзу баракатро бо худ бурд. Мо- фарзандон бо хориву зорӣ, гоҳ серу гоҳ гурусна, гоҳ пӯшидаву гоҳи дигар нимбараҳна ба камол мерасидем. Рӯзе модарам маҷбур шуд, ки аз ташкилоти Имом Ҳумайнӣ кӯмак пурсад, зеро чораи дигар надошт. Бо кӯмаки ин даргоҳи хайрхоҳ мо ду дар хонаи навсохтамонро обод карда, ба дохилаш даромадем. Модарам нақл мекунад, ки ман духтари дӯстдоштаи падарам будаам. Вақте ман ба дунё меоям, падарам ба кор медарояд. Дере нагузашта барои худаш мошин ва барои мо телевизор мехарад. Он солҳо қисми ками мардум телевизор доштанд ва бисёриҳо орзу мекарданд, ки телевизор дошта бошанд. Солҳо гузаштанд. Мо ҳам калон шудем. Рӯзе ба ман хостгор омад, аммо ман рад кардам. Бибиям гуфт, ки “Агар ҳамин ҷавонро ҳам рад кунӣ, дигар ба ту коре надорам”. Пеш аз ин писари холаам ва писари аммаам ба ман хостгор буданд, вале ман онҳоро рад карда будам. Бибиям фақат мегуфт, моро оиладор кунад, баъд бе ормон аз ин дунё меравад. Ҳамин суханҳои бибиям сабаб шуданду ман ба ҳамон ҷавони хостгор розигӣ додам. Маро дар мобайни як ҳафта ба шавҳар доданд. Ҳамон вақт домод нав аз муҳоҷират омада буд ва бо писари аммаам дӯсту рафиқ будаанд. Баъдан маълум шуд, ки аммаам миёнаравӣ кардаанд, то ман ба висоли шавҳарам бирасам. Вақте домод барои дидани ман омада буд, вазъияти деҳаашонро ба бибиям нақл карда будааст, аммо модаркалонам дар ин бора ба мо чизе нагуфт. Деҳаи Хайрободи Ҳисор аз маркази шаҳр хеле дур аст. Роҳи мошингард надорад, обро бо хар мекашонӣ. Се моҳи тобистон дам нагирифта, кор мекунӣ. Атроф пур аз мору каждуму ҳар гуна ҳашаротҳо аст. Зимистонаш ҳам хатарнок, баъди шом ба берун баромадан мумкин нест. Ҳар лаҳза гургҳо ҳамла карданашон мумкин аст. Ба оғилҳои мардум ҳамла карда, якбора чанд сар бузу гӯсфандро нобуд мекунанд. Рӯбоҳҳо низ зуд-зуд ба мурғхонаҳои сокинони деҳа ҳуҷум мекунанд. Шавҳарам ин ҳамаро ба бибиям гуфта будааст. Пеш аз тӯй амакҳоям ҷиҳози арӯсиамро бо дасти писарамакам, ки рафиқи домод буд, ба хонаи домод мефиристанд. Писари аммаам шароити деҳаи Хайрободро дида, моту маҳбут мешавад. То рӯзи тӯй ҳеҷ яке аз мо, ғайр аз бибиам аз шароити бади деҳаи домод хабар надоштем. Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Аз маркази шаҳри Ҳисор гузашта, ба деҳаи Хайробод наздик шудем. Ҳанӯз ба деҳа нарасида, амаки калониам мошинҳоро манъ кард ва ҳамаро фаровард. Ӯ аз набудани роҳи мошингард ва чангу хоки деҳа ба ғазаб омада буд. “Аз духтаратон безор шудаед, ки ӯро ба чунин ҷойҳо ба шавҳар медиҳед? Ҳоло ҳам дер нашудааст, ӯро гирифта баред” гӯён, амаки калониам мошинашро ҳай карда рафт. Дар рӯйи ман фаранҷӣ, чизеро дида наметавонам. Чанд лаҳза гузашту амаки хурдиам ману дугонаҳоямро то хонаи домод бурда расонид. Домод бо мошини писараммаам ва дигарон низ расида омаданд. Субҳи рӯзи дигар барвақт аз хоб хеста, барои саломдиҳӣ аз хонаи хобамон берун шудам. Ҳама ҷо бетартиб, пур аз чангу хок. Ба ин ҳама аҳамият надода, аз паси корҳоям шудам. Бегоҳ ба ошхона даромадам ва як навъ ҳашароте, ки мардуми деҳа онро “каллаи гӯсола” мегӯянд, маро сур кард. Дар аввал бо шавҳарам он қадар муросо намекардам. Баъди як сол соҳиби писарча шудему муносибатам низ бо шавҳарам тағйир ёфт. Як рӯз либосҳоямро иваз карда, куртаи дигар пӯшидам, бехабар аз он ки дар дохили курта каждум аст. Он каждум маро чунон газид, ки дод зада, ба хона даромадам ва куртаро бадар карда, онро куштам. Писарам яксола буд, ки рӯзе ҳашароти номаълуме аз пояш газид. Зимистони соли 2012 низ ҳомиладор будам. Вуҷудамро дарди ҷонкоҳе фаро гирифта буд, аммо ба беморхона рафта наметавонистам, чун ягон мошин дар он ҳавои сарду замини лой ба хонаи мо омада наметавонист. Оби зиёд хориҷ шуд, кӯдак дар хушкӣ монд. Бо як азоб таваллуд карда, аз ҳуш рафтаам. Гӯиё мурдаму дубора зинда шудам. Бо шарофати шавҳарам дубора ба по хестам. Соли 2010 ариза навишта будем, ки дар ягон минтақаи ободтар ба мо як порча замин диҳанд, аммо бо гузашти даҳ сол ҳоло ҳам соҳиби замин нашудаем. Соли 2017 боз ҳомиладор шудам. Дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ қарор доштам, ки пойҳоям варам карданд. Роҳ гашта наметавонистам. Оҳиста-оҳиста дасту рӯй, сару гардан, хулоса, ҳама ҷоям варам кард. Тоқатам тоқ шуду ба шавҳарам гуфтам, ки ман дигар дар ин ҷо зиндагӣ намекунам. Фурсати таваллуд кардан фаро расид. Дар беморхонаи шаҳр таваллуд кардам. Сару рӯям ҳамоно варам буд. Кӯдакам бе ист гиря мекард. Аз духтурон хоҳиш кардам, ки маро ҷавоб диҳанд. Ба хонаи худамон, ба назди модарам рафтам. Писаракамро ҳар куҷое бурдем, дардашро наёфтанд. Баъди 40 рӯз ночор боз ба деҳаи Хайробод рафтам. Дигар на кори хонаро, на кори деҳаро карда наметавонистам. Боз ба хонаи падарӣ баргаштам. Ду фарзандам мактабхонанд. Шавҳарам ба ҳайси кафшергар (сварщик) дар ҳар куҷо кор мекунад. Ӯро дӯст медорам, зеро ӯ ману фарзандонашро дӯст медорад. Коре мекунад, ки зиндагиро таъмин карда тавонад. Дар ҳамон ҷое, ки бояд ба мо замин диҳанд, мардум хона сохта истодаанд, аммо вақте мо ба идораи ҷамоат барои ҷавоби ариза муроҷиат мекунем, мегӯянд, ки ҳоло қарор набаромадааст. Чаро қарор барои дигарҳо мебарояду барои мо не? Чунки онҳо пул доранд, ман бошам камбағалам. Баҳори имсол шавҳарам хост, ки ба Русия рафта, пул кор кунад, то замин харем, аммо ин бемории ҳамагир ӯро манъ кард. Пули чиптаашро низ надоданд. Хулоса, аз нафарони хайрхоҳ кӯмак мехоҳам, то соҳиби як порча замин шавам. Шавҳару фарзандонамро дӯст медорам, аз онҳо ҷудо шудан намехоҳам.

Рақами телефон: 901886110

 

Назарова Шарифамоҳ,

аз шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД