Ифтихор ҳамагӣ ду сол дош ва мисли дигар кӯдакон мисли харгӯшак ҷастухез карда, бо шӯхию бозиҳои аҷибаш ба аҳли хонадон як ҷаҳон шодиву нишот мебахшид. Ҳар гоҳ садои сигнали мошини падараш баланд шавад, Ифтихори хурдакак хурсандона ба пешвозаш медавид.
Фазлиддин бо писарчаи дӯстрӯякаш ифтихор карда, Ифтихори чолок ва ширинзабонро гоҳ-гоҳ ба мошин савор карда, ба сайру тамошо мебурд. Дирӯз падару писар мисли ҳамвақта боз ҳамроҳ ба сафар баромаданд, бехабар аз он ки ин сафар барои Ифтихори хурдакак сафари охири ва фоҷиавӣ хоҳад гашт.
Вазорати умури дохили кишвар аз сар задани як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ, ки боиси марди кӯдаки дусола гаштааст, хабар медиҳад. Тавре ки манбаъ мегӯяд, дирӯз, 17 апрел, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиелло”, Ғоибов Фазллидин Сафаралиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар худуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Ифтихори Фазлиддин, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.