Салом "Оила"- и дардошно. Ман мухлиси туву сарояндаи маҳбуб Садриддини Наҷмиддин ҳастам. Замоне, ки Садриддин ба шаҳри Ню -Йорк рафт, хеле ғамгин гаштам.
Зиёд мехостам бо ӯ аз наздик шинос шуда, пайванди дӯстӣ дошта бошаму тамоми дарди диламро барояш нақл кунам, аммо чунин имкон нашуд ва Садриддин аз Тоҷикистон рафт.Ба наздикӣ шунидам, ки Садриддин ҳамроҳи зану фарзандонаш ба Тоҷикистон бармегаштаанд. Хабари шунидаи ман рост бошад?
Фарух.
Посух
Азбаски аксари ҳунармандону нафарони шинохта навигариву рӯйдодҳои тозаи ҳаёти худро дар сомонаҳои иҷтимоияшон ҳамарӯза дарҷ менамоянд, барои ба саволи шумо посух пайдо намудан ба саҳифаҳои шахсии сароянда ворид гардидем. Садриддин дар сомонаи Фейсбук дар мавриди дубора ба Тоҷикистон баргаштанаш чунин нигоштааст:
"Айни замон бо аҳли оилаам дар шаҳри Ню-Йорки Амрико умр ба сар мебарам. Фарзандонам дар ин шаҳр таҳсил мекунанд ва кору фаъолияти худам низ дар ҳамин шаҳр аст. Дар мавриди кай ба Тоҷикистон рафтанам ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки инро вақт нишон медиҳад. Ватан азиз аст ва хоки он аз сад зару зевар болост, рӯзу соаташ расад, ҳатман ба Ватан меравем.