Arzon march 2024
Садои занон ва духтарон дар бораи ҳуқуқ ба таҳсил
303


Дар доираи Лоиҳаи “Ба роҳи пурхор ба сӯйи ситораҳо: садои занон ва духтарон дар бораи ҳуқуқ ба таҳсил” мизи мудаввар баргузор шуд, ки дар он намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, занони фаъоли ҷомеа ва рӯзноманигорон ширкат доштанд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пурқувват гардонидани нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар масъалаи ҷалби занону духтарон ба донишомӯзӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон ва фарогирии шумораи бештари духтарон ба таҳсил дар доираи"Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030" буда, иштирокчиён назари худро дар масъалаҳои зикршуда баён намуданд.  

photo_2024-06-12_10-28-36

Муқаддас Ҳомидҷонова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Шамс” зимни суханронии хеш дар бораи муваффақиятҳои занҳое, ки соҳиби маълумот ҳастанду ба корҳои гуногун машғуланд, нақл карда, таъкид намуд, ки ин тоифаи занон дар ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанду мегузоранд.

Дар рафти чорабинӣ корҳои амалӣ бо иштирокчиён, ҷалби духтарон ба таҳсил ва дигар равандҳои соҳибмаълумот гардонии занону духтарон муҳокима ва баррасӣ гардид.

photo_2024-06-12_14-04-13

Ҳамаи иштирокдорон фикру ақида ва пешниҳодҳои худро доир ба пешбурди шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамкории судманд намудан бо дигар ташкилотҳои беруну хориҷа баён намуданд. Дар оянда таманнои онро дорем, ки шабака кори худро ҷоннок намуда барои пешрафти таҳсилоти духтарон асосан аз ноҳияҳои дурдаст саҳмгузор хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД