Arzon march 2024
Садама дар роҳи Душанбе-Кӯлоб ва ҳалокати ронандаи 48-сола
04.02.2025
Oila.tj
334

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар дод, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб садама рух дода, бар асари он ронандаи мошини боркаш ба ҳалокат расидааст.

- Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як мошини сементкаши тамғаи HOWA-MIKSER, ки аз ҷониби як сокини 48-солаи деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ идора мешуд, ба кӯҳ бархӯрдааст. Бар асари ин ҳодиса ронандаи мошин дар макони садама ба ҳалокат расидааст. Сабаби бархӯрд маълум нест, аммо тахмин меравад, ки ронанда ба ким-кадом сабабе аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст,- меафзояд манбаъ.

Баъди дарёфти хабар кормандони Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷоти КҲФ дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса расидаву ҷасади ронандаи ҳалокшударо аз дохили мошин берун оварда, ба сардхонаи шаҳри Норак интиқол додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД