Шаби гузашта хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам мошини мо ба садамаи нақлиётӣ дучор гашта, гирду атроф ҷо пур аз хуну халаф буд. Ману бачаҳоям мисли мурғони сарбурида оғӯшта бо хоку хун дар талвосаи ҷон будем.
Ростӣ, хеле сахт тарсидам, ду рӯз боз ҳеҷ ба худ омада наметавонам. Илтимос, бигӯед, ки садама дар хоб чӣ таъбир дорад?
Гулҷамол, аз ноҳияи Темурмалик.
Посух
Хоҳари азиз! Беҳуда худатонро бо фикрҳои мағшуш азият надиҳед. Садама дар хоб нишонаи сар задани ягон фалокат ё нохушӣ нест. Мувофиқи хобномаҳои исломӣ садама дар хоб фоли нек буда, шахсе, ки чунин хоб мебинад, аз ягон мушкилии бузург халос мешавад ё аз ҳолати душворе, ки ба сараш омада буд, бе кӯмаки дигарон, танҳо бо талошу қувваи худаш мебарояд. Таъбири хоб ба шахсият ва ҷинсияти шахси хобдида низ вобастагӣ дорад.
Аз ҷумла:
Зани шавҳардор хоб бинад, ки ба садама афтидааст, ба тӯҳмати ноҳақ дучор гашта, дар ҳолати ногувор мемонад.
Духтари бокира садама хоб бинад, ба марди сарватманде ба шавҳар мебарояд. Вале арӯс хоб бинад, ки ба садама дучор гаштааст, байни ӯ ва шавҳараш ягон нофаҳмӣ ба миён омада, даъвою моҷаро мекунанд. Зани бе шавҳар садама хоб бинад, корҳояш бобарор мешаванд, вале зани ҳомила чунин хоб бинад, баръакс барор аз ӯ рӯ гардонида, бо ҳар хел мушкилиҳо дучор гаштанаш имкон дорад.
Марди солхӯрда хоб бинад, ки ба садама гирифтор шудааст, коре пайдо мекунад, ки даромади начандон калон дорад.
Ҷавони муҷаррад дар хобаш ба садама гирифтор шавад, корҳояш бобарор гашта, шодию хурсандии бузурге ӯро дар пеш интизор аст, вале марди оиладор чунин хоб бинад, баръакс дар ҳаёташ мушкилиҳо пай дар пай сар задан мегиранд ва боварию эътимодро ба худ аз даст медиҳад. Марди аз ҳамсараш ҷудо шуда хоб бинад, ки ба садама дучор гаштааст, пас аз ғалабаҳои калон дар зиндагӣ бо нокомӣ рӯ ба рӯ гашта, сахт рӯҳафтода мешавад. Ҷавоне, ки ба тозагӣ оиладор шуда, ҳанӯз дар ҳукми домод аст, агар садама хоб бинад, дар ҳаёташ баъзе мушкилиҳо пайдо шуда, боиси афсурдагӣ ва парешонхотириаш хоҳанд гашт. Барои марди занмурда низ хоб дидани садама чандон хуб нест, чунин хоб ҳушдор медиҳад, ки барои амалӣ гаштани нақшаҳояш баъзе монеаҳо пеш меоянд ва бояд ба имтиҳони ҷиддӣ тайёр бошад. Марди солхӯрда, агар хоб бинад, ки ба садама дучор гашта, солим ва бе газанд аз он баромадааст, соҳиби мукофоти калоне хоҳад гашт.