Arzon march 2024
САД ДАРЕҒ, КИ БОЗ ЯК ТАБИБЗАНРО КОРОНАВИРУС БУРД
3093

Фавти раиси иттифоқи касабаи Беморхонаи клиникии шаҳрии рақами 1 – и шаҳри Хуҷанд Бобоева Адолат Амоновна кормандони ин беморхонаро сахт андуҳгин кард.

Адолат давоми фаъолияташ дар байни коллективи беморхона ва беморон ҳамчун як инсони дилсӯзу меҳрубон ва донишу малакаи олидошта сазовори обрӯю этъибори хос буд. Ин талафот барои беморхона хеле сахт аст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷҷтимоии кишвар хабар додааст, ки то соати 17:30-и 3 июн дар Тоҷикистон 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2347 (56%) нафар шифо ёфтаанд.

Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд. Маълум нест, ки нафари фавтида воқеан Адолат Бобоева ҳаст ё не. Зеро ҳамкоронаш сабабит марги ӯро коронавирус гуфтаанд.

Бино ба иттилои вазорат, то имрӯз дар мамлакат 1463 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД