formula feb 2025
Сабзагул Қурбонова: Ҳунар - роҳи зиндагӣ
425

Ҳунар на танҳо касб, балки тарзи зиндагӣ ва рӯҳияи инсон аст. Онҳое, ки тамоми умр худро ба ҳунар мебахшанд, бо санъати худ наслҳоеро тарбия мекунанд ва дар дилу хотираҳо нақш мегузоранд. Яке аз чунин ҳунармандон Сабзагул Қурбонова мебошад, ки бо меҳнати пайваста ва маҳорати баландаш дар театру синамо ном баровардааст. Гарчанде зиндагӣ ӯро бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ кард, вай ҳаргиз рӯҳафтода нашуд ва муҳаббаташ ба ҳунарро ҳифз намуд.

Бозгашт ба саҳна

Чанде пеш дар пайи ҷароҳати пояш Сабзагул муддате аз саҳна дур буд, ҳоло боз ба театр баргаштааст. Ӯ мегӯяд: "Вақте маҷбур шудам дар хона бимонам, хеле дилтанг будам. Шукри Худо, ҳоло сиҳат ҳастам ва дубора ба театр бармегардам".

Ба гуфтаи ҳунарпеша, имрӯз ҳам дар театр бо ҳамкасбонаш ҷамъ омада, хотираҳои ҷавонии пурмаҳсулашро ёд мекунад. Вале, ба андешаи ӯ, муносибати насли ҷавон ба ҳунар ва касб нисбат ба замони онҳо тағйир ёфтааст.

Сабзагул Қурбонова бо ёдоварӣ аз даврони таҳсил ваоғози фаъолияти ҳунарияш мегӯяд, ки дар замони ҷавонии ӯ касби ҳунарпешагӣ бо меҳнати зиёд ба даст меомад. Аз супоридани имтиҳонҳои сахт то гирифтани таҳсиликасбӣ, ҳама бо заҳмат сурат мегирифт.

"Вақте ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи актёрии факулати санъати Институти педагогии Душанбе, феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки баъдан дар заминаи он факултаи санъати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфт, супоридам, имтиҳони аввал навиштани иншо буд. Баъдан, моро аз ҳама ҷиҳат месанҷиданд: аз маҳорати ҳунарӣ то сурудхонӣ ва рақс. Ҳамин меҳнат сабаб шуд, ки пас аз хатм маро ба Театри давлатии ҷавонон фиристоданд".

Имрӯз бошад, бисёре аз ҷавонон ба ҳунар муносибати сабуктар доранд ва ҳатто дар наворҳои блогерони кӯчагӣ нақш мебозанд, ки ба андешаи ӯ, ин нишонаи камарзиш шудани касби актёрӣ мебошад.

Садоқат ба театр

Сабзагул Қурбонова зиёда аз ним аср аст, ки дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият дорад. Бо вуҷуди мушкилоту тағйироти солҳои гуногун, ӯ ҳамеша содиқ ба касби худ мондааст: "Беҳуда намегӯянд, ки ниҳол дар як ҷо месабзад. Ҳатто вақте дар театр одамон меомаданду мерафтанд, ман ҳеҷ гоҳ аз корам дилгир нашудам ва фикри рафтанро ҳам накардаам".

Яке аз нақшҳое, ки барои ӯ маънои хос дошт, образе дар намоишномаи “Нахоҳам иллати миллат” буд. Ин нақш бо воқеиятҳои зиндагии шахсии ӯ шабоҳат дошт: "Ҳамсарам дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз дунё гузашт ва ман бо шаш духтар танҳо мондам. Он замон тамоми зиндагиям пур аз ғаму гиря буд, вале бо вуҷуди ин аз саҳна дур нашудам. Рӯзе коргардон Абдулҳафиз Қодиров маро ба театр даъват кард ва ман нақше гирифтам, ки ба сарнавишти ман монанд буд...".

Ҳамчун модари шаш духтар, Сабзагул Қурбонова роҳи сахтеро тай кард, аммо бо талошу меҳнат тавонист онҳоро ба воя расонад: "Бо вуҷуди мушкилиҳо, тамоми кӯшишамро равона кардам, ки духтаронам маълумоти олӣ гиранд. Имрӯз ҳамаи онҳо соҳиби оила ва кори хубанд. Ман 12 набера ва 2 абера дорам".

Чанд рӯз баъд Сабзагул 73-сола мешавад, мегӯяд, ки нияти таҷлили бошукӯҳи ин санаи умрашро надорад: "Се сол пеш 70-солагиамро дар театр бо шукӯҳ ҷашн гирифтанд. Агар Худо хоҳад, дар 75-солагиам маҳфили эҷодӣ баргузор мекунам. Имсол бошад, бо фарзандону набераҳоям зодрӯзамро мегузаронам".

Сабзагул Қурбонова ҳунарманди асилест, ки тамоми умр ба саҳна ва тамошобинон содиқ монд. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, ҳунарро тарк накард ва ба он бо тамоми ҳастӣ дил баст. Имрӯз, бо чеҳраи нуронӣ ва қаноатмандӣ аз зиндагӣ, ӯ ба гузашта бо ифтихор менигарад ва бо муҳаббати беандоза ҳунарро дӯст медорад.

Сумани УБАЙДУЛЛО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД