goodwell
Сабзӣ - сабзавоти серғизо
92

Сабзӣ аз сабзавотҳои маъмулу серғизо буда, ранги норинҷиву зард дорад. Сабзӣ ҳам дар шакли хом ва ҳам пухта истифода мешавад. Он таъми ширин ва бӯйи хуш дорад.

Хусусиятҳои шифобахшии сабзӣ

Сабзӣ аз сабзавотҳое маҳсуб меёбад, ки ба саломатии инсон фоидаи бештар дорад. Он биноии инсонро беҳтар менамояд. Пиршавиро суст мекунад. Пӯстро аз осеби нури офтоб муҳофизат намуда, аз ҳар гуна бемориҳои пӯст эмин медорад.

Истеъмоли мунтазами сабзӣ аз гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ пешгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, онро антисептики пурқувват меноманд.

Сабзӣ миқдори холестеринро дар хун кам мекунад, ки ин барои пешгирии бемориҳои дил хеле муфид аст. Гузашта аз ин, организмро аз ҳар гуна бактерияҳо тоза мекунад. Дандон ва милкҳоро солим нигоҳ дошта, хатари сактаи мағзи сарро кам мекунад. Мувофиқи пажӯҳиши олимон, истеъмоли пайвастаи сабзӣ аз гирифторшавӣ ба саратон низ муҳофизат мекунад.

Аз сабзӣ чӣ тайёр мекунанд?

Сабзиро дар тайёр кардани хӯрокҳои гуногун истифода мебаранд. Аз он афшура, салат, шӯрбо, хӯрокҳои гарм ва мураббо тайёр мекунанд. Сабзиро инчунин метавон ҳамчун маҳсулоти тару тоза ё пухта истеъмол кард. Мураббо ва афшураи сабзӣ ба саломатӣ хеле муфиданд. Зеро онҳо танҳо аз сабзӣ иборатанд.

Мураббои сабзӣ. Мураббои сабзӣ як ширинии хуштаъм мебошад. Барои тайёр кардани он сабзӣ, шакар, об ва вобаста ба хоҳиш каме кислотаи лимонӣ, лимӯ ё ванилин истифода мешавад.

Маҳсулоти лозима: 1 кг сабзии тозашуда, 1 кг шакар, 750 мл - 1 литр об, каме кислотаи лимонӣ ё шарбати лимӯ, ванилин - мувофиқи хоҳиш.

Тарзи тайёр кардани мураббои сабзӣ: Сабзиро хуб шуста, пӯсташро тоза кунед. Сипас онро ба шакли ҳалқа, мукааб ё тасмаҳои борик реза кунед. Ба он шакар илова карда, ним соат гузоред. Сабзии резашударо ба дег гузошта, ба он об илова кунед. Дар оташи миёна сабзиро пазед. Баъди пухтани сабзӣ мувофиқи хоҳиш ванилин ва ё кислотаи лимӯ илова намоед.

Сабзӣ маҳсулоти арзон, дастрас ва серғизо мебошад. Он аз бета-каротин, нах, калий ва дигар моддаҳои барои организм зарурӣ бой аст. Истеъмоли сабзӣ дар таркиби ғизои гуногун ва мутавозин метавонад барои саломатии чашм, пӯст, системаи ҳозима, масуният ва саломатии умумии организм фоидаовар бошад.

Мураббои сабзӣ бошад, яке аз роҳҳои ҷолиби истифодаи ин сабзавот аст. Онро метавон дар хона бо маҳсулоти одӣ омода карда, ҳамчун ширинӣ истеъмол намуд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД