Formula novemver 2024
САБРИНАИ 18-СОЛА МАЪШУҚАИ МАРДИ ЗАНДОР БУД?
11537

 

 Субҳи рӯзи 29-уми октябр мардуми яке аз маҳаллаҳои назди пойтахт аз марги Насими 34-сола гап мезаданду аз хубиҳои ин ҷавон ёдовар мешуданд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки дар мошин ҳамроҳаш як духтараки 18-сола ҳам будааст, вале бо сабаби ба садамаи сахт дучор шуданашон чеҳраи духтаракро шинохта нашудааст.

Хурду калон ба ҳоли ҷавонмаргшудагон афсӯс мехӯрданд. Насим аввалин фарзанди оилаи обрӯманд ва муаллими ҳарбии як донишгоҳ, соҳиби ҳамсар ва 4 фарзанд буд. Вақте Насимро ба беморхонаи Қарияи Боло оварданд, кайҳо ҷон ба ҷонофарин супурда буд. Ҳангоме ки сардухтур захмашро дидан хост, мағзи сараш дар болои кати беморхона пош хӯрд. Як гурӯҳ духтурон захмҳои ӯро аз соати 12 то 3-и шаб дӯхтанду рӯяшро пӯшониданд. Ҷасади шахшудаи Сабринаи 18-соларо ҳам дар бари Насим гузоштанд.                                                                                                                 Баъд аз соате зану марде ба суроғи Сабрина омаданд. Сардухтур пурсид:

-Шумо ба Сабрина кӣ мешавед?

Зан гуфт:

-Ман модараш.

Сардухтур аз хунсардиву оромии зан ҳайрон шуда, худ ба худ фикр кард, ки эҳтимол модар дили пурқуват дорад ё шояд ба фарзандаш будани мақтул бовар надорад. Бо ҳамин андешаҳо ба зан ишора намуд, ки ба назди ҷасади духтараш наздик шавад. Вақте зан барои дидани  рӯйи духтараш хам шуд, дар тан либосе дошт, ки тамоми баданаш намоён шуд. Зан аз либоси субҳ пушидаи Сабрина духтараш будани мурдаро тасдиқ намуд ва аз утоқ берун шуда “ҳозир падараш омада, мурдаи духтарашро мебарад” гуфту ба марди дар наздаш буда ишора намуд, ки меравем. Духтурон ҳама ангушти ҳайрат мегазиданд ва баъд аз чанд дақиқа марде бо чашмони пур аз ашк омаду оҳи сарде кашида, ба сардухтур гуфт, ки “мурдаи духтарамро диҳед, ба хона бубарам”. Сардухтур мурдаҳоро ба оилаҳояшон супурд ва дид, ки модари Насим худаш ба духтурхона омадаасту ончунон мегиряд, ки ҳатто аз ҳуш меравад ва ӯро боз ба ҳуш меоваранд. Модар худро пеши пойи сардухтур партофта гуфт: “Бачаҷон, писари маро боз ба морг набаред, ӯро бисёр азоб надиҳед, охир тамоми аъзои баданаш майда- майда шудааст. Сардухтур модари Насимро ором кунонида гуфт:

-Очаҷон, ором бош, ҳеҷ кас писари туро ба морг намебарад, ман тамоми захмҳои ӯро бастам, гирифта, ӯро бо худ бубар.

Ҳамин хел шаби мотам саҳар шуд, мурдаҳоро ба хок супориданд.

Баъд аз чанд рӯзи марги Насим ҳамсараш бо тамоми оила қаҳрӣ  кард, ки Насим ба ӯ хиёнат мекардаасту марги духтараки ҳамроҳашбуда исботи ин гуфтаҳо аст.

Лекин қаҳру исёни келинчак дигар маъное надошт, чунки бо ин амал дигар Насимро баргардонида ва асрори марги ӯро фаҳмидан имконнопазир буд.

                            Қурбони нафси модар

 Сабринаи 18-сола бошад, қурбонии нафси модари худ шуда буд. Модари Сабрина бо се фарзанд хонаи худро дошту бо вуҷуди он ки падараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, зиндагии хубе ба сар мебурданд. Падар аз Русия ба ҳамсараш барои харҷи фарзандон пул равон мекард ва соле як маротиба меомаду аз аҳволашон хабар гирифта, боз ба муҳоҷират мерафт...

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 14-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД