Ҳар як шахс мехоҳад, ки пӯсти рӯйи солим, бе ягон нуқс, сурхӣ ва доғ дошта бошад. Якчанд амале вуҷуд дорад, ки ҳар шахс тасодуфан ба он даст мезанад. Дар аксари мавридҳо ҳатто ба гумон намерасад, ки бо анҷом додани ин амал ба пӯсти худ осеб мерасонад.
Рӯйро бо даст ламс кардан
Ба бисёр шахсон аз кӯдакӣ волидайн мегӯянд, ки набояд рӯйи худро бо дастонатон ламс кунед. Чаро шумо наметавонед рӯи худро ламс кунед, вақте ки дастҳоятон пок бошанд?
Дар асл дастҳо майдони парвариши микробҳо мебошанд. Дар онҳо бактерияҳои гуногун пайваста ҷамъ мешаванд ва ламси сабук ба рӯй имкон медиҳад, ки аз даст ба рӯй гузаранд. Аз ҳаимн сабаб баъдан дар рӯй нуқтаҳои сурх, аллергия ва ҳаргуна доғҳо пайдо мешаванд.
Ширинӣ ва донагии бисёр хӯрдан
Хӯрокҳои равғанӣ метавонанд ба пӯсти шумо зарар расонанд. Албатта мо ба шумо тавсия намедиҳем, ки пурра аз истеъмоли хӯрокҳои равғанӣ даст кашед, зеро набудани равған метавонад боиси хушк шудани пӯст гардад, вале бештар меваю сабзавот хӯрдан ба манфиати пӯст аст. Витаминҳое, ки дар таркиби меваю сабзавот мавҷуданд, ба пӯсти шумо солимӣ ва зебоӣ мебахшанд. Пас аз хӯрдани ширинӣ ва донагӣ дар рӯй доначаҳо пайдо мешавад.
Зебо будан хоҳед, кӯшиш кунед, ки ҳама хӯрокҳои носолимро аз рӯйхати ӯизои худ хориҷ намоед, аз қабили шириниҳо ва хӯрокҳои равғанин. Беэътиноӣ ба пӯсти худ метавонад ба пиршавӣ оварда расонад.
Одатҳои бад
Тамокукашӣ ва нӯшидани машрубот пӯстро аз намӣ маҳрум карда, онро хушк ва ба илтиҳоб моил мегардонад. Хоҳед, ки дилкашу зебо бошед, аз машрубот парҳез намоед.
Истифодаи малҳамҳои нодуруст
Аз истифодаи малҳамҳои номуносиб, ки барои ороиш истифода мешаванд, канорагирӣ кунед, зеро он метавонад ба пӯсти рӯй таъсири манфӣ расонад.
Нурҳои сӯзони офтоб
Дар фасли тобистон душмани асосии пӯст ин нурҳои сӯзони офтоб мебошанд. Муҳофизати хуб аз офтоб, натанҳо пӯсти шуморо аз сӯхтан муҳофизат мекунад, балки аз пиршавии бармаҳал низ эмин медорад. Таъсири шадиди нурҳои офтоб яке аз омилҳои асосии пиршави пӯсти рӯй ба шумор меравад. Аз ин рӯ, пеш аз ба берун баромадан ба пӯсти рӯйи худ малҳами ҳифзкунанда молед.