Гипергидрози бағал ё зиёд арақ кардан беморие мебошад, ки ба ғадудҳои арақи экринии пӯст таъсир мерасонад. Бояд гуфт, ки ғадудҳои арақҷудокунӣ дар тамоми бадани инсон ҷойгир буда, моеъеро ҷудо мекунанд, ки бо арақи аз ҳад зиёд ва бӯи нохуш зоҳир мешавад.
Имрӯз мо дар бораи сабабҳои арақкунӣ ва роҳҳои халосӣ аз бӯйи бади он маълумот медиҳем.
Арақ кардани одам сабабҳои гуногун дорад:
1. Аз ҳад гарм будани ҳаво.
2. Бисёр ҳаракат кардан.
3. Бемор шудан, масалан, баланд шудани ҳарорати бадан, таб кардан ва ғайраҳо.
4. Ташвишу нигаронии зиёд, ба ҳаяҷон омадан ё тарсидан.
5. Маҳкам будани аъзои бадан, рӯй ва пӯст.
6. Зиёд будани таппиши дил.
7. Либоси ғафс пӯшидан.
8. Фарбеҳии аз ҳад зиёд.
9. Бисёр об нӯшидан.
Бояд гуфт, ки раванди арақ кардан аз ҷониби ақли инсон идоранашаванда аст. Кас ба худ амр карда наметавонад, ки “ман набояд арақ кунам” ва бо ин васила арақ накунед.
Ҳастанд шахсоне, ки бисёр арақ мекунанд ва ин одатан ба одамони фарбеҳ алоқаманд аст.
Арақ кардан ба бадбӯй шудани бадани инсон оварда мерасонад, ки сабабаш нодуруст кор кардани ягон узви бадан, аз ҷумла гурда ё ҷигар буда метавонад.
Шабона ҳам инсон бисёр арақ кунад ва аз баданаш бӯйи баде хориҷ гардад, бояд ба духтур муроҷиат намояд. Барои халосӣ аз бӯйи бади арақи бадан, шуморо лозим меояд гипергидроз доштан ё надоштани худро аниқ намоед.
Фарз мекунем, ки сатҳи арақ муқаррарӣ аст, танҳо нигаронӣ бӯй аст. Чӣ бояд кард?
Дар ин ҳолат беҳтарин усули нест кардани бӯй истифода бурдани дезодорант ё антиперспирантҳо мебошад.