Arzon march 2024
Сабабҳои афзоиши фарбеҳӣ дар байни занон ва кӯдакон
343

Фарбеҳӣ, яъне вазни зиёди бадан - ин ҳолати аз меъёр зиёд будани чарббандии ҷисми инсон мебошад. Фарбеҳӣ ҳамзамон беморие маҳсуб меёбад, ки тавассути муайян намудани индекси вазни бадан баҳодиҳӣ мегардад.

Солҳои охир мушкили вазни барзиёди бадан ва фарбеҳӣ дар байни занону кӯдакон бештар паҳн гардидааст, ки ин яке аз омилҳои асосии афзоиши бемориҳо мебошад.

Нишондиҳандаи баланди фарбеҳӣ дар байни кӯдакони синни 6-7-сола бештар ба назар мерасад, ки ба инкишофи морфологию функсионалии организми онҳо вобастагӣ дорад. Маълум гардид, ки 43 фоизи кӯдакон ғизои ғайриратсионалӣ истеъмол намуда, 84 фоиз бо фаъолияти ҷисмонӣ фаро гирифта нашудаанд.

Баъзе дорувориҳо ва бемориҳо, аз қабили диабет, кирми меъда ва давраи пеш аз гулдоманӣ сабабгори пурхӯрии инсон мегарданд. Аксари дорувориҳои асаб хоҳиши хӯрокхӯриро зиёд мекунанд. Масалан, инсони гирифтори бемории шизофрения баъд аз истеъмоли доруи таскинбахш 10-15-20 килограмм вазн мегирад. Дорувориҳои барои диабети қанди дараҷаи 2-юм муқарраршуда низ боиси вазни зиёдатӣ гирифтани занони дучори диабети қанд мегарданд. Ҳормонҳо низ вазнро меафзоянд, вале ҳормони ғадуди сипаршакл вазнро кам мекунад. Дар 90% ҳолатҳо иштиҳои аз андоза зиёд беморӣ маҳсуб меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД