Александр Гордон, ровӣ, коргардон ва ҳунарманди 57-солаи рус, пас аз як сол сабаби аз Нозанин Абдулвосиева, ҳунарпеша ва коргардони 27-солаи руси тоҷиктабор, ҷудо шуданашро шарҳ додааст.
Додгоҳи шаҳри Маскав ҳанӯз моҳи августи соли 2020 издивоҷи онҳоро бекор карда буд. Гордон дар барномаи интернетии “Вдудь” сабаби аз Нозанини тоҷиктабор ҷудо шуданашро “чизе” унвон кардааст. “Сабаби ҷудошавӣ чӣ ҳам буда метавонад? Албатта, чизе тамом мешавад”.
Гордон мегӯяд, ҷудошавии онҳо оромона ҷараён гирифт ва масъалаҳои алоқаманд ба алимент ва амволро низ мустақилонаву бидуни баҳс ҳал кардаанд. “Худро танҳо ҳис намекунам, шукри Худо, ки фарзандҳо ҳастанд”,-илова кардааст Гордон. Нозанин ҳамсари чоруми Гордон буд. Соли 2014, вақте ки онҳо издивоҷ карданд, Гордон 50 сол ва Нозанин ҳамагӣ 20 сол дошту дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи Маскав таҳсил мекард. Писаронашон Александри 6-сола ва Фёдори 4-сола самараи издивоҷи шашсолаи онҳост. Гордон то Нозанин се маротибаи дигар издивоҷ карда, ду духтари дигар низ дорад.
Феълан Александр ва Фёдор ҳамроҳи Нозанин зиндагӣ мекунанд ва Гордон зуд-зуд ба хабаргирии онҳо меравад. Ёдовар мешавем, ки Нозанин Абдулвосиева дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, набераи коргардони тоҷик Валерий Аҳадов (1945) ва абераи Шоири халқии ҶШС Тоҷикистон Мирсаид Миршакар (1912-1993) мебошад.