Бемориҳои аз сар гузаронида, масалан зуком метавонад боиси рехтани мӯйи сар гардад, хусусан агар таби баланд карда, дорувориҳои антибиотикӣ хӯрда бошед.
Сабаби дуюм стресс аст, масалан, инсон кам хоб мераваду аз ҳад зиёд кор мекунад. Аз ҳамин сабаб аксари одамоне, ки реҷаи корияшон мувофиқи меъёр нест, наздики 40-солагӣ кал мешаванд.
Истеъмоли ғизои нодуруст сабаби сеюми рехтани мӯйи сар мебошад. Парҳез ва норасоии сафедаю витаминҳо дар хӯрок боиси заиф гаштани мӯйи сар мегардад.
Сабаби чорум нигоҳубини нодурусти мӯйи сар аст. Шампун ва дигар воситаҳои саршӯӣ нодуруст интихоб шуда бошанд, мӯйи сар ба рехтан медарояд.
Сабабҳои маишии дар боло номбаршударо бартараф кардан душвор нест, танҳо нигоҳубину тарзи хӯрокхӯриро тағйир додан мушкили шуморо ҳал мекунад, вале рехтани мӯй бо тағйиротҳои синнусолӣ ё модарзодӣ алоқамандӣ дошта бошад, бояд назди табиби трихолог шитофт, то ки мӯйи сар тамоман нарезад. Ба ақидаи табибони соҳа рехтани мӯй бо сабаби пиршавии ҷисм низ ба вуҷуд меояд. Аллакай аз 18-солагӣ шумораи фолликулаҳои мӯйи сар кам шудан мегирад. Имрӯз кӯдакон хеле барвақт афзоиш меёбанд, аз ин лиҳоз барвақт мӯяшон ба рехтан медарояд. Танҳо нигоҳубин ва табобати дурусти мӯй метавонад рехтани онро манъ созад ё ба таъхир гузорад.
Барои барқарор сохтани мӯйҳои рехта аз 4 моҳ то 2 сол табобат кардан лозим меояд. Рехтани мӯй характери ирсӣ дошта бошад, барои табобати он вақту маблағи зиёдеро сарф мекунед, аз ин лиҳоз ҳамин ки мӯйҳо ба рехтан сар карданд, дарҳол ба табиб муроҷиат намоед.
Мақсади назди табиб рафтан дошта бошед, омода бошед, ки бояд аз ташхиси ҳормон, ҳормони ғадуди зери меъда, миқдори микроэлементҳои ҷисм гузаред. Мутахассис тавассути видеокамера-трихоскоп ғафсӣ ва фоизи мӯйҳои заифшударо муайян месозад. Барномаи компютерӣ бо кӯмаки диаграмма ва суратҳои чандин андоза калонкардашуда ҳолати мӯйҳои шуморо нишон медиҳад. Баъди ба даст овардани натиҷаҳои ташхис табиб ба шумо мушкоб ё дорувориҳои ҳормонӣ таъйин мекунад. Табобат аз 4 моҳ то 2 сол вобаста ба ҷиддияти мушкилот давом хоҳад кард.