Рӯзҳои Соли нав дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани барфу борон дар назар аст
59

Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои солинавӣ дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор ва тағйирёбанда хоҳад гашт.

Тибқи иттилои манбаъ, дар Соли нав дар баъзе минтақаҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф имкон дорад.

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми декабр ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳарорат шабона 3-5 дараҷа ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм мешавад. Шамол муътадил аз самти ғарб мевазад.

Рӯзи 1-уми январи соли 2026 боришоти кӯтоҳмуддат пешгӯйӣ шудааст. Шабона ҳарорат то 0-2 дараҷа ва рӯзона боз ба сатҳи 5-7 дараҷа гарм боло меравад.

Дар водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат рӯзона то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф, баъзан пуршиддат дар назар аст. Шабона ҳавои сард дар назар буда, ҳарорат баъзан метавонад то 0 дараҷа поин равад.

Дар водиҳои вилояти Суғд рӯи 31-уми декабр борон борида, ҳаво то 12-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳ ва кӯҳҳо боридани борону барф аз эҳтимол дур нест. Рӯзи 1-уми январ боришот ба водиҳо низ гузашта, пурзӯр шудани вазиши шамол ҳаворо хунук мекунад. Ҳаво рӯзона то 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои нисбатан гарм пешбинӣ мешавад. Рӯзи 31-уми декабр ҳарорат дар водиҳо 10-15 дараҷа гарм мешавад. Аммо рӯзи 1-уми январ борон борида, дар доманакӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳарорат то 3-8 дараҷа гарм поин меравад.

Ҳавои нисбатан хунук дар ин рӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят рӯзона боришот ва поинравии ҳарорат дар назар аст. Дар шарқи минтақа ҳавои сард пешбинӣ шудааст: шабона то 25 дараҷа ва рӯзона то 15 дараҷа хунук.

Бар асари боришоти зиёд дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, инчунин қитъаи роҳи Майхӯра хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад. Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки зимни ба нақша гирифтани сафар шароити обу ҳаворо ба инобат гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД