toyota motors
Рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар Душанбе баргузор мегарданд
02.04.2026
Oila.tj
144

Аз 6-уми июн то 23-юми августи соли 2026 бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегарданд.

Тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми январи соли 2026 тасдиқ шудааст, рӯзҳои фарҳангӣ давоми сол тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд. Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.

Дар назар аст, ки рӯзҳои фарҳангӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар боғҳои фарҳангии пойтахт баргузор гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД