24-уми июл, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ дар саҳни бинои театр ҳунарҳои мардумии Муғулистон ба намоиш гузошта мешаванд.
Инчунин дар доираи рӯзҳо иштирокчиён бо мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе шинос мешаванд.
- Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангии ду давлат доир карда мешаванд,- меафзояд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24-уми апрели соли 1992 барқарор гардидаанд.