Рӯзи шанбе, 19- май дар шаҳри Душанбе марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор мегардад.
Мусобиқаи велосипедронӣ соати 07. 30 оғоз меёбад, баргузории Дави миллӣ бошад, соати 08.30 ба нақша гирифта шудааст. Ёдрас мешавем, ки ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи май дар Тоҷикистон мусобиқаи “Дави миллӣ” ва велосипедронӣ баргузор мегардад.
Имсол ин мусобиқа ба 19- май рост омад. Дар ин рӯз баста шудани роҳҳое, ки мусобиқа дар он масир баргузор мегардад, имкон дорад.