arzon replenishment
РӮЗИ МАҲШАР (ҚИСМИ 2)
30.11.2020
Р. Азимӣ
4341

 

ИДОМААШ..

Ин дафъа нияти дар мактаби олӣ хонданашро аз падар иҷозат гирифт. Падар, ки барои вай аз хурди меҳри падариву модариро дода буд, шанси дуюм дод,то босаводаш дохил шавад. Ҳатто аз ин қарори духтараш хурсанд шуд. Ҳарчанд сину солаш аз ҳамдарсонаш калон буд, вале бо шавқу завқи ҷавонӣ мехонаду дар корҳои чамъияти фаъолона иштирок мекард. Чусту чолокиӣ ва ташкилотчигияшро ба назар гирифта, раиси шўърои духтарони факулта интихоб намуданд. Масъулияташ боз гаронтар шуд. Шояд андармони хондану корҳои ҷамияти буд, ки ишқу ошиқиро фаромўш кард. Дар маҳфилу маҷлисҳо гули сари сабад, роҳнамову маслиҳатгарӣ духтарон буд.

Ҷавонони зиёде ошиқи ҳусну ҷамолаш гашта буданду ҳамарўз изҳори муҳаббат мекарданд, вале духтари сангдил ҳамаи онҳоро дар чашми ошиқи бефафояш баҳо дода, аз наздаш меронду маро ба ҳолам гузоред мегуфт. Рўзе ҳамроҳи шарикдарсонаш дар тўйи хонадоршавии ҳамсабақашон Мадина рафтанд. Садри маҳфил ба вай ҳамчун раиси шўрои духтарони факулта навбати сухани табрикотӣ дод. Ниҳол аснои табрики навхонадорон буд, ки банохост чашмаш ба ҷавоне афтод,ки ба дўстдоштаи гумгаштааш Ёсин монанд буд. Ёсин ин ном бори дигар дар майнааш чарх заду дар фикр афтод. Бовар кард, ки ин ҳамон ёри номардаш аст. Суханашро тамом накарда, дасташ ба ларза даромад. Қариб буд, ки баландгўяк аз дасташ биафтад. Баранда ҳолати духтаракро пайхас карда, баландгўякро аз дасташ гирифту ўро ба ҷояш шинонд. Маърака метасфиду ҳамагон рақсу бозӣ мекарданд.Ниҳол ҳеҷ ба худ омада наметавонист. Симои Ёсин пеши назараш ҷилвагар мешуданд. Ба ин тарфу он тараф дида, дўхта ба ҳар иштирокчии ин маросим назар мекард. То бори дигар ёри бемеҳрашро бубинаду дар рў ба рўяш номрд будаи бигўяд. Худ бовар карда наметавонист, ки он манзара як хобе буду хаёле.

Ба ту чишуд дугона, тобат гурехт ва чизе азобат медиҳад кунҷкобона пурсид Рухшона, ки аз ҳамсабақонаш пештар ба наздаш расида омада буд. Не, ҳама хуб аст, одамида, каме ба фикр ғута задам. Ҳамааш гузашт, ҳоло худамро нағз ҳис мекунам, иншоолоҳ рақсу бозиро давом медиҳем гуфта лабханди сохтае намуд Ниҳол.

Панҷ соли донишҷўи бо як миҷа задан гузаштанду духтарак дипломи сурх ба даст ба беҳа баргашт. Симои дилкашу зебои духтарак душманонашро бехуд гардонид. Онҳое, ки ўро дар тардомани мутаҳам намуда буданд аз рашк месўхтанду аз дур аз нўги пояш то пушти сараш назора мекарданд. Ниҳол парвои надошт, ки дар борааш ки чи мегўяд. Вақте ба деҳа омад, хостгорони мисли гурги гурусна бўи гўшти хомро шунида зуд аз паяш ба хосгорӣ омаданд. Дигар туро бачаи хона намегирад, ту алакай пирдухтар шудаи гуфт моиндари нешзабонаш. Бо шунидани ин гап чанд рўзи дигар аз хобу хўрок монд. Парешонхотирияшро падар эҳсос намуда, аз ў сабаб пурсид. Хомўш буд.   Як гапи хунукро фаромўш накарда, боз ўро симои ошиқи гумгаштааш пеши назараш меомаду духтари берузиро азоб медод. Рўзҳо ҳафтаҳо пайи ҳам мегузаштанду вай ошиқи аз ёд рафтаашро фаромўш карда наметавонист. Рўзе аз тарафи ҳукумат Ниҳолро ба кор даъват намуданд. Ҳамроҳи падараш ба ноҳия мерафт, кибаногоҳ телефонаш занг омад, ба экран чашм дўхт рақамҳои ношинос, аммо бисёррақамаро дид. Дарак аз он медод, ки нафаре аз Русия занг зада истодааст. Ниҳол гўширо бардошт, садои ошно, садое, ки чанд солҳо ба гўшаш садо намедод. Бовараш намеомад, ки Ёсин бо вай гап зада истодааст.

Ниҳоли ман, дилу ҷони ман, маро мешунавӣ. Бубахш, ки дурию мусофири сабаб буд, ки дер боз туро озурдахотир гардонидам. Баъди дида ба дидор расидан ҳамашро ба ту мефаҳмонам, ки чаро чанд сол туро пазмон кардаву аз худ дарак надодам. Акнун ҳамааш паси сар шуду ваъдаҳои кардаамро фаромўш накардаам. Ҳамин ҳафта ба падарат гап зан, ки ба хонаатон хостгор мефиристам ва умре хушбахту сарбаланд зиндагӣ мекунем. Аз ту хоҳиш мекунам, ки пешниҳодамро рад накун гуфтани ҷавони ошиқ Ниҳолро моту маҳбут кард. Вай чи гуфтанашро намедонист. Сухан дар забонашг мепечиду оҳистаяк телефонашро хомўш намуда, аз падараш хоҳиш намуд, ки кор кардан намехоҳаду ба хона баргарданд. Падар аз ин рафтори духтараш чизе нагуфта ба хона баргаштанд. Ниҳол намедонист чи хел номарду бевафо гуфта Ёсинро гунаҳгор созад, вале наметавонист ўро носазо гўяд. Фақат фаҳмид, ки рақами телефонашро Ёсин аз ҷиянаш гирифтааст. Пас аз он рўз Ёсин зуд- зуд занг мезадагӣ шуд. Ба қавле баҳори ишқи онҳо аз нав бедор шуд. Хостгорҳояш аз дар даромаданду дар дили духтар тухми бовари сабзид. Падар иҷозати духтарашро пурсид. Ман розиям, гуфтани Ниҳол калиди забони моиндарашро кушода намуд. Ин духтар аз рўзи аввал бо ў чи алоқае дошт ва билохира солҳо интизор шуда, ба муродаш расид. Коре мекунам, ки боз дубора ба хона баргашта хидматгори хонаам мешавӣ гуфта аз дил гузаронд моиндари баддол. Худо қўшапир шаванд гуфта калонсолон дуои бахташонро доданду баромада рафтанд. Дар муддати як ҳафта, тамоми ҷиҳози арўсии духтарро оварданду Ниҳол ҳамроҳи дугонахояш кўрпаву кўрпачадўзӣ, намуд. Куртаҳояшро ба назди беҳтарин дузандаҳои маҳалаашон бурда дўзонд. Тўй барпо шуд, вале бе домод.Ёсин ҳамаи хароҷоти тўйро фиристониду худаш наомад. Бо дархости вай волидайн гуфтанд, ки пас аз тўй арўсро ба Русия назди ҳамсараш мефиристонанд ва дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунанд. Ниҳол озурдахотир шуд, падар духтарашро ба оғўш гирифта оби дида рехт. Ҳасрати падару духтарро дида ҳамсояҳо мисли абри навбаҳор мегиристанд. Аз рўи ваъда баъди як ҳафта Ниҳолро ба Русия фиристонданд. Ёсин ҳамсари худро дар фурудгоҳ бо гулдаста пешвоз гирифт. Онҳо бо чашмони ҳам нигариста аз дур ба сўи якдигар давиданду ҳамдигарро оғўш намуданд. Ба Ниҳол фаҳмонид, ки мо дар хонаи Наташа ном зани рус зиндагӣ мекунему баъдан ба ватан кўчида меравем. Рўзҳои аввали ҳамзистияшон онҳо аз висоли якдигар меболиданд. Ниҳол хурсанд буд, ки дер ҳам бошад ба имтиҳони Худованд сабури намуда, ба муроди дилаш расид. Соҳибхоназани рус чеҳраи арўсакро чашми дидан надошту бо нафрат сўяш назар карда мегузашт. Дар дили духтарак тарсу воҳима афтида буд. Кўшиш мекард, ки нисбати Наташа меҳрубонияшро нишон дода, бо ў дугона бошад, вале…

(ИДОМААШ ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД