Дар асоси иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 26 сентябр - Рӯзи Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 декабр - Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчун рӯзҳои ид муайян гардиданд. Дар ин хусус рӯзномаи “Садои мардум” навиштааст.
Ҳадаф аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” арҷгузорӣ ба нақш ва аҳамияти ҳокимияти олии қонунгузорӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Мавриди тазаккур аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода, Амонулло Хайрулло, Бахтиёр Аҳмадзода ва Комрон Исмоилиён таҳия гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2023 қабул гардида, бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли равон ҷонибдорӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 16 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро ҷонибдорӣ намуданд.