arzon replenishment
Рӯзи Истиқлол: Чорабиниҳои идона кай ва дар куҷо мегузаранд?
394

Бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз имрӯз дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ баргузор мешаванд.

Аз МИҲД-и пойтахт хабар доданд, ки чорабиниҳои фарҳангии идона имрӯз, 6-уми сентябр оғоз шуда, то 9-уми сентябр идома хоҳанд ёфт. Аз ҷумла, чорабинии фарҳангии ноҳияи Сино шоми имрӯз, соати 18:00 дар Боғи Умари Хайём мегузарад. Чорабинии фарҳангии ноҳияи Фирдавсӣ ҳам имрӯз соати 17:00 дар Боғи Фирдавсӣ баргузор мешавад.

Рӯзи 7-уми сентябр соати 18:00 чорабинии фарҳангии ноҳияи Шоҳмансур дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мегузарад.

Дар майдони Шаршара, рӯзи 8-уми сентябр, соати 18:30 чорабинии фарҳангии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегузарад.

Зикр шуд, ки чорабинии асосии ҷашнӣ дар шаҳри Душанбе шоми 9-уми сентябр, соати 18:00 дар майдони “Истиқлол” баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт намоишномаи театришуда бо иштироки сарояндагони маъруф ва ҳунармандон пешкаш мегардад. Вуруд ба макони ҷашнвораҳо ройгон аст.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳои ҷашнӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ баргузории чорабиниҳои идона, консерт ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, чорабинии ҷашнӣ оид ба таҷлили Истиқлоли давлатӣ бо ширкати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон баргузор мешаванд.

Феълан, Сарвари давлат бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор доранд ва дар назар аст, ки рӯзи 7-уми сентябр бо сафари корӣ ба вилояти Суғд мераванд ва ин сафар то 10-уми сентбяр давом мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД