Arzon march 2024
Рӯзи Имомат муборак!
876

Мавлоно Ҳозиримом (таваллуд 13 декабри 1936) Оғохони IV 11 июли соли 1957 дар синни 21-солагӣ ба сифати Имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон таъин гардид. Имрӯз 66 солагии Имоматии ӯст.

Рисолати ӯ ба ҳайси роҳбари рӯҳонии мусулмонони исмоилии ҷаҳон, ҳидояти пайравонаш дар умури дин ва талош барои беҳбудии сифати зиндагии мардум будааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити исмоилиёни тоҷик бо роҳбари руҳонияшон аслан баъди ба даст овардани истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз шудааст.

Соли 1995 бо даъвати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба Мавлоно Ҳозиримом ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Худи ҳамон сол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаҳои Оғохон оид ба рушд барои ҳамкориҳои судманд шартномаҳо ба имзо расиданд.

Ҳидоят ва фармудаҳои доимии Ҳозиримом ба пайравонаш ҳамеша ин будааст, ки онҳо бояд шаҳрванди беҳтарини кишвари худ бошанд:

  • ҳамеша ҷӯёи илму дониш бошанд;
  • ба ниёзмандон кумак кунанд;
  • эҳтироми дигаронро ба ҷо оранд;
  • аз одоти бади иҷтимоӣ, аз маводи мухаддир дурӣ ҷӯянд;
  • хидматгузори ҷамоат ва мардуми кишвари худ бошанд.

Рӯзи Имомат ба Мавлоно Ҳозиримоми маҳбуб ва кулли исмоилиёни ҷаҳон муборак бошад.

Фирузи Рамазон,

корманди Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД