Имрӯз,11-уми июн ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ва аъзои Шӯрои уламо масъалаи муайян кардани рӯзи баргузории Иди Қурбон ва вақти намозро матраҳ намудаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, Шӯрои уламо қарор қабул намуд, ки тибқи ҳисобҳои илмӣ Иди Қурбон 16-уми июн таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6:00 баргузор мегардад.
Инчунин, тибқи қарори Шӯрои уламо имомхатибон вазифадор гардидаанд, ки дар мавъизаҳои худ таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорӣ, назорати кӯдакону наврасон ҳангоми “идгардак” ҷалб намоянд.