Arzon march 2024
Рӯзи баргузории “Карнавали Наврӯзӣ” дар Душанбе тағйир ёфт
764

Тавре аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, имсол барномаҳои фарҳангии наврӯзии ноҳияҳои пойтахт санаи 23-юми март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ва “Карнавали Наврӯзӣ” санаи 24-уми март дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе нимаи дуюми рӯз баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 19-20-уми март чорабиниҳои идона асосан шомгоҳон дар боғҳои “Куруши Кабир”-и ноҳияи Шоҳмансур, Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва Умари Хайёми ноҳияи Сино ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта шудааст, ки сабаби чунин тасмимгирӣ номусоидии обуҳавост, зеро, бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 21 ва 22-юми март дар пойтахт ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борон дар назар дошта шудааст.

Қаблан, тасмим буд, ки рӯзи 21-уми март бо қарори раиси шаҳри Душанбе карнавали “Корвони Наврӯз” доир гардида, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва сайругаштҳои идона дар ҳудуди боғҳои пойтахт ташкил карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ имсол рӯзи 21-уми март дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бегоҳӣ баргузор хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД