Oila Navruz
РЖДӢ Э ПИТУХ .. Ё АҲВОЛПУРСИИ ДУ ДУГОНА
3886

Ангуштарин зебост, аммо дар ҳоли афтодани нигинаш на он кадар дилчасп мешавад. Барои наафтодани нигин дандонаҳои болои он бояд мустаҳкам бошад. Зан низ ба мисли ангуштарин аст ва нигини он шарму ҳаёст. Дандонаҳои он нигин бешак забон аст, ки бояд аз суханронии дағал ҳифз шавад.

Бале, сухан бояд салосату нафосати махсус дошта бошад, то баробари шуниданаш мухотабро тасхир созаду гӯяндаашро маҳбуби дил намояд.

Сад афсӯс, ки дар ҷомеаи имрӯз истифодаи алфози қабеҳ, ба монанди "хар" - у , “туғрӣ”, “ржд” - у “питух”, “писта” - ву “девона” – ву “гл” дар гуфтори бархе ҷавондухтарон мӯд шудааст. Намедонам чаро, аммо ба забон овардани чунин алфози зишт барояшон бисёр хушоянд аст ва аз зикраш ҳатто ҳаловат ҳам мебаранд. Аҳволпурсии ду дӯст ё дугона ҳам имрӯз аз чунин алфози безеб оғоз мешавад. "Рждӣ, э питух?" мегӯянд бо ифтихор ба ҳамдигар.

Дар чанд суҳбати инфиродӣ гулдухтаракон ин тарзи суҳбатро “замонавӣ” ном мебаранд. Пурсидан мехоҳам, ки канӣ шарму ҳаёи бонуи тоҷик? Пештар садои баландашро касе намешунид, - ку?! Имрӯз ба онҳо чӣ шуда бошад?

Сабаби “рушд” - и қабеҳгуфторӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама дар коста гардидани тарбияи духтарони 15 - сола аст. Мутаасситифона, ҷамъият ҳам бетарафиро пеша карда, тарбияи насли наврасро бар дӯши якдигар мепартоянд: оила – мактаб - ҷомеа.

Ба андешаи ман агар ин се ниходи калидӣ бо ҳам муттаҳид шаванд, масъалаи тарбияи насли наврас пурра халу фасл мегардад. Зеро хело гӯшхарош аст, вақте ду ҷавоне, ки худро дӯсти наздику ҷонфидои якдигар медонанд, якдигарро дашномҳои қабеҳ медиҳанд. “Мардак бояд ба иқа уқа гап хафа нашава". Ана шиор! Сад айб аст интихоби ин шиор. Шарму ҳаёро эҳтиёт кунед, гулдухтарон!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД