arzon replenishment
Рӯзаи Марям гирифтан савоб аст ё гуноҳ?
917

Ман мехоҳам дар бораи чӣ тавр гирифтани рӯзаи Марям маълумот гирам. Он чӣ тавр аст?

ШАМСИЯ, ш. Хуҷанд

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Рӯзаро дар забони арабӣ «савм» мегӯянд, ки дар луғат ба маънои бозистодан ва худдорӣ намудан (бозистодан аз хӯрдану нӯшидан) мебошад. Вожаи «савм» дар ояти 26-уми сураи «Марям» ба маънои худдорӣ аз сухан гуфтан омадааст: «… (Эй Марям) пас, агар аз одамиён касеро бубинӣ, бигӯ: «Ба дурустӣ, ки ман барои (Худои) Раҳмон рӯзаро назр кардаам, пас имрӯз бо ҳеҷ одамӣ сухан нахоҳам гуфт».

Аммо дар истилоҳи шаръ «савм» (рӯза) ба маънои рӯзона аз дамидани субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ худдорӣ намудан, яъне амалан аз хостаҳои шикаму фарҷ ва ҳар чизи махсуси дигаре, ки ба шикам ворид мегардад, дар он муддати муайян худдорӣ намудан аст.

Бинобар ин, мо дар мазҳаби ҳанафӣ ба номи рўзаи Марям рўза надорем ва он дар миёни аввом аст ва он дуруст нест ва ҳеҷ асли шаръӣ надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД