Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳдори Душанбе парвандаи Мадина Мамадҷоноваро зери назорати бевоситаи худ гирифтааст.
Тавре дар сомонаи расмии Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Душанбе омадааст, Рустами Эмомалӣ муроҷиати шаҳрванд Алимова Зулфияро дар шабакаҳои иҷтимоӣ оиди он ки духтараш Мамадҷонова Мадина рӯзи 25-августи соли 2021 аз Давлатова Азиза зери шиканҷа гирифта шуда, бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ дар ҳолати беҳушӣ ба Муассисаи Давлатии Маркази Миллии Тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» оварда шудааст, мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиш қарор дод.
Дар хабар омадааст, ки қаблан тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 аз оғози кори ҷиноятӣ рад карда шуда буд, аммо Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси Олӣ ва шаҳрдори Душанбе баъди вокунише, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ин қазия паҳн гашт, ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии кишвар дастур додааст, ки санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда, тафтишот и объективона бурда шавад.
Адвокати Мадина- Оқил Сангов хабар додааст, ки додситонии ноҳияи Сино ин қазияро барои тафтиши дубора ба мақомоти корҳои дохилӣ баргардондааст.
Қазияи Мадина Мамадҷонова баъди он ки Нигина Мамадҷонова, равоншиноси тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш ин мавзӯъро матраҳ намуд, расонаӣ гашта, вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Сомонаи “Оила ТҶ” низ сарнавишти Мадинаро манзури муштариёни хеш гардонида буд.
Пас аз расонаӣ гаштани ин фоҷиа ба қавле “ях об шуд”ва айни замон ин қазия таҳти назорати бевоситаи Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Умедворем, ки адолат тантана карда, афроде, ки Мадинаро ба ин ҳол расонидаанд, сазои амали худро хоҳанд дид.