Formula novemver 2024
Рустами Эмомалӣ роҳбарони баъзе аз сохторҳояшро иваз кард
1757

 

Дирӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар 37 сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ анҷом доданд. Дар ин бора манобеи Oila.tj хабар доданд.

Ҳамин тариқ, Ҳабибзода Муҳаммадалӣ сардори Раёсати фарҳанг таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Нуралӣ Шоҳиёнро иваз кард. Дилрабо Ашурова сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ қаблан муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе буд. То омадани ӯ вазифаи мазкурро Заррина Зуҳурзода бар уҳда дошт.

Бо қарори дигар Ҷаҳонгир Саъдизода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Ӯ қаблан мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Ҳамзамон, Давлатзода Давлат сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Дилшоди Ҷамшед мудири шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъин шуд. Дилшоди Ҷамшед дар ин мақом Комрон Зафарзодро иваз кард.

Инчунин, ба ҷойи Шоҳзод Раҳимзода ба вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанб Раҷабалӣ Бобохонов таъин гардид. Ӯ қаблан ёвари ректори ДМТ буд.

Ҳамзамон, муовинони раисони ноҳияҳои И. Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои пойтахт, инчунин, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр аз ҳисоби кадрҳои ҷавон таъин гардиданд, вале исмашон ҳанӯз барои мо равшан нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД