Рустами Эмомалӣ бо ордени давлатӣ қадрдонӣ шуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ ба Ӯзбекистон бо Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Тавре Маҷлиси миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро риштаҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҳам мепайванданд. Ҳамчунин, таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар қарор дорад.
Дар идомаи мулоқот Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни ду кишвар бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардонд.