Дар натиҷаи сӯхторе, ки дар вилояти Маскав рух дода буд, як зан бо писари ҳафтсолааш, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ба ҳалокат расидаанд.
Ин сӯхтор шаби 19 декабр дар як манзили дуқабата дар наздикии шаҳри Пушкинои вилояти Маскав ба вуқӯъ омадааст.
«Московский комсомолец» манобеи хабар сабаби сӯхторро, таркиши дастгоҳи обгармкунӣ гуфтааст.
Тибқи ин манбаъ фоҷиа дар манзиле рӯх додааст, ки дар онҷо ду бародар аз Тоҷикистон ҳамроҳи оилаҳояшон зиндагӣ мекарданд.
Додситонии шаҳри Пушкино қазияро таҳқиқ дорад ва сабаб сар задани сӯхторро дақиқ кунад