Ҳукумати Русия нақша дорад, ки содироти бензинро дар моҳҳои сентябр - октябри соли ҷорӣ муваққатан манъ кунад. Дар ин бора муовини аввали вазири энергетикаи Русия Павел Сорокин хабар додааст.
Ба таъкиди ин мақомодори баландпояи рус, бо мақсади пешгирии ҳама гуна мушкилот дар ин моҳҳо, дар моҳи август манъи содирот бекор намешавад ва илова бар ин, тасмим гирифта шуд, ки дар моҳҳои сентябр-октябр низ содирот ба хотири эҳтиёт манъ шавад.
Ӯ зикр кард, ки роҳандозии чунин тадбирҳо барои содироти сӯзишвории дизелӣ ҳоло талаб карда намешавад, аммо бояд барои маҳдуд кардани иқтидори содироти ин навъи сӯзишворӣ ҳатто ба қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ онҳо кор кунанд.
Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Русия аз 1-уми марти соли равон содироти бензинро ба муҳлати ним сол манъ кард. Ин тасмим, ки дар моҳи июл истисно шуд, аз 1-уми август боз барқарор гардид.
Ин маҳдудиятҳо дар содироти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон дахл надорад, зеро мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ он дар асоси имтиёз ба кишвари мо интиқол дода мешавад. Ҳаҷми дархостшуда барои соли 2024 зиёда аз 970 ҳазор тонна муайян шудааст.