Хурсандии Таҳмина Самадова, ҷавонзани зодаи Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл барояш сертификати манзил туҳфа карда буданд, якбора ба ғами бузург табдил ёфтааст.
Русия ба ҷойи тақдими хонаи ваъдагӣ ин зани тоҷикро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид. Ба ҷойи хона акнун ба Таҳмина Самадова 10 соли зиндон таҳдид менамояд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи Митишии вилояти Маскав Таҳмина Самадоваро бо иттиҳоми қаллобӣ ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои сохта ба ҳабс гирифтаанд. Ба иддаои мақомот гӯё Самадова дар бораи даромади кам доштани шавҳараш ҳуҷҷатҳои сохта пешниҳод намуда, хостааст бо роҳи фиреб соҳиби манзили ройгон гардад. Дар сурати исбот шудани айби нисбаташ эълоншуда ба Таҳмина Самадова 10 соли зиндон таҳдид менамояд.
Ин зани тоҷик модари 7 фарзанд буда, солиёни зиёде дар Русия зиндагӣ кардааст. Шавҳараш 10 сол пеш ва худи Таҳмина 5 сол пеш шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардааст. Расонаҳои русӣ қаблан Таҳмина Самадова ва шавҳарашро ҳамчун волидони намунавӣ ситоиш намуда, навишта буданд, ки дар радифи тарбияи 7 фарзандаш ин зан ҳамчун ихтиёрӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва хайриявӣ фаъолона ширкат меварзад, вале хабари тақдими сертификати манзил ба оилаи тоҷик дар ҷомеаи Русия норозигиро ба вуҷуд оварда, билохира боиси ба ҳабс гирифта шудани Таҳмина Самадова гашт.