Русия ба Тоҷикистон 800 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ мефиристад
08.10.2025
Oila.tj
72

Дар доираи ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия соли 2025 ҷониби Русия тасмим гирифтааст, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон 800 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ фиристад.

Ин иқдом дар асоси Созишномаи дуҷониба байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия амалӣ карда мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ин китобҳо, ки барои синфҳои 3-4 пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби нашриёти маъруфи русии «Просвещение» таҳия ва ба табъ расонида мешаванд.

Тавре зикр мегардад, китобҳо ба муҳити иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуда, барои истифода дар ҳама мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат, ки дар онҳо омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шудааст, равона карда шудаанд.

Ба ҳолати моҳи сентябри соли 2025 беш аз 118 ҳазор нусха аз шумораи умумии китобҳо ворид гардидааст. Қисми боқимондаи китобҳо дар марҳилаи чоп қарор дошта, пас аз анҷоми чоп тибқи нақша дастрас карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД