Commerc banl
Русия ба муҳоҷири ӯзбек 1 миллион рубл мукофот дод
106

Хайрулло Ибодуллоев, муҳоҷири ӯзбеке, ки дар Санкт-Петербург кӯдаки ҳафтсолаи аз бинои баландошёна афтодаро наҷот дода буд, соҳиби 1 миллион рубли русӣ мукофотпулӣ ва ҷоизаи ба номи Тигран Кеосаян гаштааст.

Тавре расонаҳои русӣ хабар додаанд, маблағ аллакай ба ҳисоби Ибодуллоев гузаронида шудааст ва муҳоҷири қаҳрамони ӯзбек пулро ба хонаводааш фиристодааст, то дар табобати падараш ва сохтмони хона сарф намоянд.

Ёдрас мешавем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои қаҳрамонӣ ва фидокориаш Хайрулло Ибодуллоевро бо медали “Ҷасорат” сарфароз гардонидааст.

Хайрулло Ибодуллоев 36-сола буда, 4 моҳ боз дар Санкт-Петербург ҳамчун кӯчарӯб кор мекардааст. Рӯзи 22-юми феврал вай писарбачаи ҳафтсолаи аз тирезаи ошёнаи 7-уми як бинои баландошёна дар шаҳри Санкт-Петербург афтодаро аз марг наҷот дод. Ин марди муҳоҷир бачаи аз тиреза ба поён сарозер афтодаро сари вақт дошта гирифтааст ва худаш зарб хӯрда бошад ҳам, ба ӯ ёрии аввалин расонидааст. Бо шарофати ин рафтори қаҳрамононаи муҳоҷири ӯзбек кӯдак бо вуҷуди шикастани пой ва осеб дидани баъзе узвҳои даруниаш зинда монд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД